Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоев гуфт, муфаттишон ӯро бо дастдарозӣ ба номуси модараш таҳдид карданд


Бобомурод Абдуллоев
Бобомурод Абдуллоев

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 26 март баррасии парвандаи рӯзноманигори узбек Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаётхон Насриддинов, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёрро идома дод.

Дар ҷараёни мурофиа Абдуллоев якуним соат баёнот дода, ҳолатҳои мавриди шиканҷа қарор гирифтанашро зикр кард. Рӯзноманигор гуфт, муфаттишони Хадамоти амнияти Узбекистон таҳдид карданд, ки агар гуноҳро ба гардан нагирад, дар пеши чашмонаш модари 70-солаи ӯро таҷовуз хоҳанд кард.

Ба ҷуз ин, Абдуллоев иқрор кард, ки бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" матлаб менавишт, вале бо ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Узбекистон" робитае надорад ва ҳеч гоҳ ба сиёсатмадори мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, дар ҷамъоварии мавод кумак накардааст.

Додгоҳи Бобомурод Абдуллоев, блогер Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёров рӯзи 7 март оғоз шуд. Онҳо ба "қасди ғасби ҳукумат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" айбдор мешаванд.

Дар мурофиаи нахустин вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров гуфт, зерҳимояааш таҳти фишору шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтааст ва аз додрас хост, ки шикояти Абдуллоев санҷида шавад. Додрас низ дархости ӯро пазируфт, вале дар мурофиаи навбатӣ афзуд, ки натиҷаҳои ташхис шиканҷа шудани Абдуллоевро тасдиқ накард.

XS
SM
MD
LG