Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як зан мехост, ки набераашро бо 300 доллар фурӯшад


Пулиси шаҳри Уши Қирғизистон зани 59-солаеро боздошт кард, ки мехост, набераашро бифурӯшад. Бино бар иттилои мақомот, 22-уми март ӯро баъди гирифтани маблағ боздошт карданд. Вай набераашро, ки ҳанӯз якмоҳа нест, ба манзили харидорон оварда, онҷо гузоштааст. Тифлро мақомот ба ихтиёри парасторони махсус супориданд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, пажуҳиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG