Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо: "Иттилоъ додан дар мавриди ҷиноят хабаркашӣ нест"


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон хост, ки дар сурати огоҳӣ аз ҷиноят ё мавридҳои шубҳаовар мақомотро огоҳ кунанд. Ин танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш навишт, "ба мақомот хабар додан кори хайр аст, агар туҳмат ё ғарази шахсӣ набошад".

Масъулони ин созмон гуфтанд, "ҳар фарде, ки шубҳанок аст ё амалаш ба суботи ҷомеа ва одобу ахлоқи он зарар дорад, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, таҳдид, зарари ҷисмонӣ расондан ба касе, инчунин беэҳтиромӣ ба қонунҳо, сазовори тарбия аст ва бояд тарбия карда шавад."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксаран сокинон аз хабар додан аз ҷиноят ва пешгирии он худдорӣ мекунанд. Қаблан баъзе рӯҳониён низ дар намозҳои ҷумъа аз сокинон даъват карда буданд, ки бо мақомот дар самти хабар расондан аз ҷиноят ё афроди шубҳаовар ҳамкорӣ кунанд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон барои хабар додан аз ҷиноятҳо ё ҳузури афроди шубҳаовар ҷоиза таъйин карда, махфӣ нигоҳ доштани номҳоро ваъда додаанд.

Аммо баъзе аз шаҳрвандон, ки таҷрибаи ин ҳамкориро доранд, мегӯянд, дар ниҳояти амр ҳамкории онҳо бо ин ниҳодҳо фош мешавад ва зери фишори хонаводаи боздоштшудаҳо қарор мегиранд. Дар ҳолатҳои бадтар аз ин, боздоштшуда бидуни муҷозот мемонад ва барои қасд гирифтан аз хабаррасон ба истилоҳ дандон тез мекунад.

XS
SM
MD
LG