Даҳҳо хонандаи мактаб ва норозиёни дигар дар ҳоли гирдиҳамоӣ дар Вашингтон ҳастанд. Онҳо дар тазоҳуроти густарда аз мақомоти Амрико хоҳанд хост, ки барои назорат аз истифодаи силоҳ қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кунанд.
Ташаббускорон интизоранд, ки даҳҳо ҳазор нафар дар эътирози рӯзи 24-уми март дар Вашингтон иштирок хоҳанд кард. Тазоҳуроти ба ин монанд дар даҳҳо шаҳри дигар дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномарезӣ шудааст.
Роҳпаймоиҳо ба дунболи тирандозии моҳи феврали имсол дар яке аз мактабҳои минтақаи Паркланди аёлати Флорида сурат мегирад. Дар тирандозии як ҷавони нуздаҳсола дар моҳи гузашта 17 нафар кушта шуд.