Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур: "Курсии ҳукумат муваққатист" ВИДЕО


Атомуҳаммади Нур
Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур – волии қудратманди Балх дар шимоли Афғонистон – гуфт, ки баҳсаш бо ҳукумати ваҳдати миллӣ хотима ёфт. Ӯ рӯзи 21-уми март, ҳангоми таҷлил аз Наврӯз, гуфт, ба зудӣ аз се номзади пешниҳодиаш як нафар волии нави минтақаи шимол таъйин хоҳад шуд.

Се номзад ба ҷои "Устод Ато"

"Курсии ҳукумат муваққатӣ аст. Гоҳе чунин аст, гоҳе чунон аст. Гоҳе ин аст ва гоҳе он аст. Аз се нафаре, ки пешниҳод кардем, бояд яке раиси ҷадиди Балх таъйин шавад. Ҳар кадоме аз онҳо камтар аз Атомуҳаммади Нури Шумо нест. Дар хидмати Шумо хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Оқои Нур гуфт, баҳси ӯ бо ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар пайи созиши Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва Арг ба поён расидааст. Вай гуфт, матни ин созишнома ба зудӣ эълон мешавад.

"Устод Ато" рӯзи 21-уми март дар ҳоле ки бо мардуми Балх худоҳофизӣ мекард, аз фаъолияти чаҳорсолаи худ гузориш дод ва, инчунин, аз ҳимояту ҳамкории онҳо сипосгузорӣ намуд. Атомуҳаммади Нур гуфт, ҳамчунон ба фаъолиятҳои сиёсиаш идома хоҳад дод.

"Ман аз тавофуқи суратгирифта, ки дар он хостҳои Ҷамъияти исломӣ ва муттаҳидони он ҷой гирифтаанд, истиқбол мекунам ва лаббайк мегӯям. Қарор аст, ба зудӣ тафоҳумномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ бо Ҷамъияти исломӣ эълон шавад. Мутобиқи ҷадвал ба пеш хоҳем рафт", - шарҳ дод ӯ.

Навори суханронии Атомуҳаммади Нур дар инҷост:

Ато Муҳаммади Нур мегӯяд, баҳсаш бо Кобул хотима ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Даъват ба дурӣ аз нифоқ

Волии Балх ҳамчунон аз ҳукумат хост, ки ба баҳси миёни генерал Абдурашид Дустум, муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ва Арг нақтаи таммат бигузорад. Илова бар ин, ба боқӣ мондани фармондеҳи амнияти Қандаҳор дар мақомаш таъкид кард.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Сурур Дониш, муовини дувуми раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки дар Наврӯзи Балх иштирок дошт, мардумро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ даъват кард. Ӯ гуфт, “нифоқ солҳост, ки шерозаҳои ҳаёти ҷамъии моро фарсуда сохтааст. Мо имрӯз мукаллаф ҳастем ба овози тафриқа дар ин сарзамини осебзада “на” бигӯем, аз тарафи ҳар касе ва ба ҳар нома ва унвоне, ки баланд шавад.”

Баҳси истеъфо

Муҳаммад Сурур Дониш
Муҳаммад Сурур Дониш

Тақрибан чаҳор моҳ қабл раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кард, ки Ашраф Ғанӣ истеъфои Атомуҳаммади Нур аз симати волии Балхро пазируфтааст. Чанде пеш Арг аз муаррифии Муҳаммад Довуд ба сифати волии нави Балх хабар дода буд. Аммо Атомуҳаммади Нур бо боқӣ мондани худ дар вазифааш бо ин қарор мухолифат варзид.

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад. Устод Ато айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG