Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур ба ҳукумати Афғонистон шарт гузошт


Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балх дар шимоли Афғонистон, ки аз сӯи президент Ашраф Ғанӣ барканор шудааст, мегӯяд, ки ӯ ҳанӯз раҳбари ин вилоят аст ва фармонҳои ӯ дар ин вилоят амалӣ мешаванд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми декабри соли гузашта дастури барканории Атомуҳаммади Нур, волии Балхро имзо кард ва инженер Довудро ба ҷои ӯ муаррифӣ намуд. Ҳоло бо гузашти наздик ба як моҳ, бӯҳрон миёни Балху Кобул ҳал нашуда, музокироти миёни раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, ҷараён дорад.

Атомуҳаммади Нур қаблан гуфта буд, ки агар ин музокирот натиҷа надиҳад, мардумро ба нофармонии маданӣ даъват хоҳад кард.

Атомуҳаммади Нур рӯзи якшанбеи 14-уми январ зимни суханронӣ дар ҷамъи ҳаводорони худ дар шаҳри Мазори Шариф ҳушдор додааст, ки агар ҳукумати марказӣ бо имзои ӯ раванди пардохти маошҳои кормандони ҳукуматӣ дар вилояти Балхро амалӣ насозад, вай чорае надорад ҷуз ин, ки хароҷоти ин вилоятро аз даромадҳои миллиондолларии гузаргоҳи Ҳайратон пардохт кунад. Бандари Ҳайратон воқеъ дар марз бо Узбакистон, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои Афғонистон ба шумор меравад ва молу колоҳо аз Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил аз ин масир ба Афғонистон ворид мешавад.

Идораи ниҳодҳои маҳаллии Афғонистон қаблан ба расонаҳо гуфта буд, ки имзои Атомуҳаммади Нур ба унвони волии Балх эътибор надорад ва санадҳое, ки ӯ имзо мекунад, иҷро намешавад. Аммо Атомуҳаммади Нур дар посух ба ин ниҳод гуфтааст, "дар ҳадде нестӣ, ки дар бораи бӯҳронҳо ва мавзӯъҳои калон ҳарф бизанӣ."

Атомуҳаммади Нур: Гуноҳи ман чист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар ҳамин ҳол, масъулони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон мегӯянд, ҳафт даври музокироти онҳо бо ҳукумати Афғонистон бар сари бартараф кардани ихтилофҳо дар мавриди барканории Атомуҳаммади Нур бенатиҷа будааст. Муҳаммади Исмоли Хон, аз раҳбарони ин ҳизб рӯзи якшанбеи 14-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гуфтугӯҳо миёни ҷонибҳо ба бунбаст расидааст. Вай гуфт, ки Ҳизби ҷамъияти исломӣ тарҳи ҳафтмодаии худро барои ҳалли ин ихтилофот ба ҳукумат пешниҳод кард, аммо ҷониби ҳукумат то ба ҳол онро қабул нкардааст.

Исмоил Хон гуфт, ҳукумат тарҳи Ҷамъияти исломиро қабул надорад ва ин ҳизб низ бар боқӣ мондани Атомуҳаммади Нур ба унвони волии Балх пофишорӣ дорад. Вай дар бораи ин тарҳ ҷузъиёти бештаре надод, аммо гуфт, ки мондани Атомуҳаммади Нур дар мақоми волии Балх ва амалӣ шудани тафофуқномаи сиёсии ҳукумати ваҳдати миллӣ, ду бахши муҳими ин тарҳ аст.

Исмол Хон, аз раҳбарои Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон.
Исмол Хон, аз раҳбарои Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон.

Атомуҳаммади Нур қаблан гуфта буд, ки агар ин музокирот натиҷа надиҳад, мардумро ба нофармонии маданӣ даъват хоҳад кард. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки дастури барканории Атомуҳаммади Нур бар асоси аризаи вай сурат гирифтааст ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ низ ба ин мувофиқат кардааст. Атомуҳаммади Нур дар замони интихоботи президентии Афғонистон аз ҳомиёни сарсахти Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад. Устод Ато айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG