Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур: “Ман волии Балх будам ва мемонам” САДО


Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, гуфт, ки вай ҳанӯз дар ин мақом аст ва то замони тасмими ниҳоии Ҳизби ҷамъияти исломӣ ба кораш идома хоҳад дод. Оқои Нур рӯзи 23-юми декабр дар як нишаст дар Мазори Шариф таъкид кард, бо ӯ набояд ба ҳайси волӣ ё маъмури давлатӣ, балки бояд ба сифати яке аз тарафҳои ташкилкунандаи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон бархӯрд сурат гирад.

Ҳушдор дар Мазори Шариф

Дар мавриди доктор Абдуллоҳ. Дар соли 2014 баробари заҳмати мо ҳатто бародараш заҳмат накашид, аммо заррае қадри хидмати моро надонист ва инҷост, ки фаҳмидем хато кардем.

Атомуҳаммади Нур, ки дар солрӯзи кушта шудани Абдулқодир Забеҳуллоҳ, яке аз қумондонҳои машҳури вилояти Балх дар Мазори Шариф суҳбат мекард, гуфт, қазовати барканориашро ба уҳдаи Ҳизби ҷамъияти исломӣ гузоштааст. “Агар музокироти миёни ҳизб ва ҳукумат натиҷа надиҳад, курсии волии Балхро тарк нахоҳам кард”, - афзуд оқои Нур.

Ӯ гуфт, “ман волии Балх будам ва феълан низ ҳастам. Агар аз роҳи тафоҳум ҳукумат пеш наёмад ва шароити раҳбарии ҷамъиятро қабул накард, то охири ҳукумати ваҳдати мллӣ волӣ мемонам.”

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ истеъфои Атомуҳаммади Нурро имзо кард ва инжинер Довудро ба ҳайси волии нави Балх муаррифӣ намуд. Баъди ин, Ҳизби ҷамъияти исломӣ эълони арги раёсати ҷумҳури Афғонистонро тасмими яктарафа ва ғайри қобили қабул хонд.

Атомуҳаммади Нур: Дар мавриди доктор Абдуллоҳ хато кардем
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:44 0:00
Линки мустақим

Ашрафғанӣ
Ашрафғанӣ

Атомуҳаммади Нур ҳам гуфтааст, вай истеъфояшро чандин моҳ пеш, дар ҷараёни музокирот бо Арг, ироа карда буд ва ба гуфтаи ӯ ҳоло ин истеъфо мавриди қабули ӯ нест.

"Фаҳмидем, ки хато кардем"

Атомуҳаммади Нур дар нишасти рӯзи шанбе бо лаҳни тунд аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон интиқод кард ва ӯро “мори зери остин” хитоб набуд. Ӯ гуфт, дар қазияи барканориаш 70 дарсад доктор Абдуллоҳ дахил будааст.

Вай ҳушдор дод, ки раёсати иҷроияи мақоми тавофуқӣ аст ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ метавонад шахси дигарро ба ин мақом таъин кунад. Ӯ гуфт, “дар мавриди доктор Абдуллоҳ. Дар соли 2014 баробари заҳмати мо ҳатто бародараш заҳмат накашид, аммо заррае қадри хидмати моро надонист ва инҷост, ки фаҳмидем хато кардем. Ин мори остин аст”.

Пеш аз ин низ Атомуҳаммади Нур аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба гунаи ҷиддӣ интиқод карда буд. Радиои Озодӣ ба тамосҳои батакрор аз раёсати иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳеч ҷавобе нагирифт.

"Дар мақомҳои дигар хидмати зиёд хоҳад кард"

Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Дар ҳамин ҳол, Назир Аҳмадзай, муовини дувуми Вулуси Ҷирга, аз Атомуҳаммади Нур хост, ки ба қонун эҳтиром бигузорад. Ӯ гуфт, “мо ҳама тарафдори корҳои хайр ҳастем ва бояд ба қонун таслим бошем. Устод Ато аз кишвар хориҷ намешавад. Ман мутмаин ҳастам, ки вай дар мақомҳои дигар хидмати зиёд хоҳад кард.”

Оқои Аҳмадзай танишҳои бавуҷудомадаро “хатари бузург ба низом” донист.

Аз ҳамроҳони Масъуд ва Раббонӣ

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад.

Назир Аҳмадзай
Назир Аҳмадзай

Устод Ато айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.

Атомуҳаммади Нур соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст.

Ӯ соли 2012 рисолаи номзадишаро дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат” дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳимоят кард. Атомуҳаммади Нур айни замон рисолаи докториашро низ дар Тоҷикистон ҳимоят менамояд. Вай аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон аст ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG