Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур: "Истеъфо надодаам"


Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, ки дирӯз раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари истеъфои ӯро эълон кард, мегӯяд, ки аз мақомаш истеъфо надода ва қасди канор рафтанро ҳам надорад.

Атомуҳаммади Нур шоми душанбеи 18-уми декабр дар нишасте бо тарафдоронаш гуфтааст, ки ин истеъфоро қабул надорад, зеро хостаҳои ӯро ҳукумат иҷро накардааст. Дар як навор, ки телевизионҳо нашр кардаанд, ӯ гуфтааст, ки варақи истеъфояшро замоне ба раёсати ҷумҳури Афғонистон супурда буд, ки чанде қабл аз ҷониби ҳизби Ҷамъияти исломӣ ба хотири ба даст овардани ҳаққашон аз ҳукумат, вориди музокира шуда буд.

Ин узви баландпояи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи зиёде аз хостаҳояшон иҷро нашуда ва пазириши истеъфояшонро аз сӯи ҳукумат як дасиса медонад. Вай гуфтааст, "ин мо ҳастем, ки дар таъйини волии вилояти Балх тасмим мегирем, на Арги раёсати ҷумҳур, ки ҳар касеро хоста бошад, волӣ муаррифӣ намояд."

Атомуҳаммади Нур ҳушдор додааст, ки дар баробари ба гуфтаи ӯ ин "дасисаҳо" хоҳад истод ва афзудааст, ки дар қадами нахуст аз тариқи гуфтугӯҳои маданӣ дар чорчӯби қонун ва агар ба натиҷае нарасанд, аз гузинаҳои баъдӣ дар баробари ҳукумат истифода хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, Атомуҳаммади Нур чанде қабл истеъфояшонро ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва раиси ҷумҳур низ онро пазируфтааст. Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммади Нур ба унвони волӣ ё раиси вилояти Балх, таъйин шудааст.

"Тасмими Ғанӣ дар бораи Устод Ато ғайримасъулона буд"

Атомуҳаммади Нур аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буд ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.​

Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, чанд соат пас аз нашри ин хабар бо нашри эъломия ин тасмими раёсати ҷумҳури Афғонистонро "як иқдоми аҷулона, ғайримасъулона, мухолифи субот ва амнияти Афғонистон" хонд.

Дар ин эъломия ҳамчунин гуфта шудааст, ки барканории Атомуҳаммади Нур мухолифи мувофиқатномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки раҳбарии онро вазири умури хориҷии он кишвар Салоҳиддин Раббонӣ ба дӯш дорад, гуфтааст, ки ҳизб пас аз бозгашти раисаш аз сафари расмӣ аз хориҷ, ба зудӣ мавзеашро ба таври мушаххас дар ин маврид эълон хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки Салоҳиддин Раббонӣ дар сафари расмӣ дар Юнон ба сар мебарад ва фардо ба Кобул бармегардад.

Истеъфои Атомуҳаммади Нур дар ҳоле эълон шуд, ки рӯзи ҷумъа Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва бархе дигар аз сарони ин ҳизб бо волии Балх дар робита ба ин масъала сӯҳбат карданд. Воқиф Ҳакимӣ, сухангӯи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси тавофуқи ҳукумати ваҳдати миллӣ, ҳеч фарде наметавонад оқои Нурро аз мақомаш барканор намояд, “аммо истеъфо як ҳаққи қонунӣ аст”.

Атомуҳаммади Нур як чеҳраи фароминтақавӣ мебошад ва вокунишҳо аз Тоҷикистон ба барканории Атомуҳаммади Нур низ гуногунанд, вале дар кулл ҳамаи таҳлилгарон мувофиқанд, ки барканории “Устод Ато” дар шароити феълӣ, қадами нодурусте буд, ки аз сӯи ҳукумати Афғонистон гирифта шуд.

"Дарвозаҳои шимол ба рӯи ДОИШ ва Толибон боз мешавад"

Раҳматкарими Давлат, пажӯҳишгари масоили Афғонистон мегӯяд, аз мақом рафтани Атомуҳаммади Нур ду паёмади ҷиддӣ хоҳад дошт -- яке ин, ки бидуни шак ба мавқеи тоҷикон зарба хоҳад зад ва онҳоро заъиф хоҳад сохт ва паёмади дигар ин аст, ки дарвозаҳои Шимол ба рӯи гуруҳҳои террористӣ -- ДОИШ ва Толибон боз хоҳад шуд.

Зеро ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, “агар ингуна баррасӣ кунем, ки бо аз миён бурдани Аҳмадшоҳи Масъуд ва халъи қудрат кардани Устод Раббонӣ дар соли 2001 тоҷикон аз қудрати сиёсӣ дар Афғонистон барканор шуданд, бо барканории Устод Ато як марҳилаи аз қудрат канор задани тоҷикон дар таърихи муосири Афғонистон ба поёни худ мерасад ва марҳилаи дигаре дар сарнавишти тоҷкони Афғонистон оғоз мешавад. Чунки Устод Ато қудратмандтарин тоҷикест, ки баъди Масъуд дурахшида буд ва бидуни доштани қудрати сиёсӣ тоҷикон наметавонанд дар ҳаёти сиёсии Афғонистон нақши муассир иҷро кунанд. Вале масъала ин аст, ки Устод Ато ба барканории худ тан нахоҳад дод.”

Ба қавли Раҳматкарими Давлат, барканории Атомуҳаммади Нур ин омода шудани тими рақиби Ҷамъияти исломӣ барои интихоботи соли оянда дар Афғонистон аст. “Агар Ато Муҳаммади Нур дар мақомаш боқӣ бимонад, метавонад аз имконоти давлатие, ки дар ихтиёраш аст, истифода кунад. Аз як манбаи муҳими давлатӣ маҳрум кардани Устод Ато метавонад мавқеи ӯро дар интихоботи соли оянда заиф кунад. Ҳадафи асосии рақибонаш ҳам ин аст, ки ӯро аз имконоти давлатӣ маҳрум кунанд. Яъне бо як ҷумла рақибони дохилиаш мехоҳанд бо истифода аз ин фурсат аз Устод Ато халос шаванд”,-афзуд Раҳматкарими Давлат.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳадафи дуввум ва аз ҳама хатарзо ин аст, ки барканории Ато Муҳаммади Нур метавонад роҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Толибон ва ДИИШ-ро ба 9 вилояти шимоли Афғонистон боз кунад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назари Раҳматкарими Давлат набояд ба ин масъала бетаваҷҷуҳ бошанд. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, бо эҳтимоли зиёд аз мақом рафтани Атомуҳаммади Нур таъсиргузории ӯро дар интихоботи соли ояндаи Афғонистон камтар хоҳад кард.

"Барканории Устод Ато бепосух нахоҳад монд"

Дар ҳамин ҳамин ҳол Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари масоили минтақа ба ин назар аст, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо фишор ва аз қудрат канор задани Атомуҳаммади Нур, қувваҳои зиёди норозиро дар муқобилаш омода мекунад. Зеро ба қавли Аҳмадшоҳ Комилзода, дар барканории Атомуҳаммади Нур гурӯҳҳои миллатгарое зиёдтар даст доранд, ки нуфузашон дар ҳукумати зери роҳбарии Ашраф Ғанӣ зиёд аст.

“Мавқеи тоҷикон дар Афғонистон баъди барканории Устод Ато заифтар хоҳад шуд. Барканории Ато Муҳаммад метавонад ҳам барои Ҳукумати Афғонистон ва ҳам барои гуруҳҳои миллатгаро оқибатҳои бад дошта бошад. Чун ҳар амал дар пайи худ вокуниш дорад. Аз Устод Ато нерӯҳои созандаи Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва барканории ӯ мавҷи нооромӣ ва норозигии дигарро дар Афғонистон ба думбол хоҳад дошт,”-таъкид кард Аҳмадшоҳ Комилзода. Аҳмадшоҳ Комилзода муътақид аст, ки бо рафтани Ато Муҳаммади Нур аз мақомаш амнияти Балхро низ зери суол хоҳад рафт.

Таниши дерина миёни Нур ва Ғанӣ

Равобит миёни Атомуҳаммади Нур ва раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҳанӯз аз замони маъракаи интихоботи президентии соли 2014, тира буд. Дар ин интихобот Атомуҳаммади Нур аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- рақиби нерӯманди Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ мекард ва пас аз ҷанҷолҳои интихоботӣ, ки ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ мунҷар шуд ва Ашраф Ғаниро дар раъси ҳукумат қарор дод, "Устод Ато" пайваста зери фишор буд, то аз мақомаш истеъфо диҳад. Равобити миёни раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Атомуҳаммади Нур пас он тиратар шуд, ки соли гузашта “музокирот”-и онҳо бенатиҷа поён ёфт.

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи "Устод Ато" маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон буд хизмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад. "Устод Ато" айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.

Атомуҳаммади Нур соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст. Ӯ соли 2012 рисолаи номзадишаро дар мавзӯъи «Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат» аз Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳимоят кард. Атомуҳаммади Нур айни замон рисолаи докториашро низ дар Тоҷикистон ҳимоят менамояд. Ӯ аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буд ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG