Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур дар суҳбат бо Озодӣ: "Дар инҷо ҷангҷӯёни тоҷик низ ҳастанд" САДО


Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур – волии Балх – дар суҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ба шимоли Афғонистон “кӯчидан”-и ноамниҳо талоше барои наздик шудани ҷангҷӯён ба марзи кишварҳои Осиёи Марказист. Оқои Нур рӯзи 27-уми январ гуфт, аз ин "нақша" хабар дорад ва барои ҷилавгириаш талош хоҳад кард.

лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:06 0:00
Линки мустақим

Тасмими ниҳоии ДИИШ ин аст, ки дар шимоли Афғонистон ҷо ба ҷо шавад ва сипас марзи кишварҳои Осиёи Марказиро рахна кунад. Ин хатар аст.
Атомуҳаммади Нур
  • Атомуҳаммади Нур, маъруф бо номи Устод Ато, тайи тақрибан ду моҳи ахир бо ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон вориди мушкил шудааст. Баъди онки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми декабри соли гузашта дастури барканории ӯро имзо кард ва ба ҷояш инженер Довудро муаррифӣ намуд. Аммо Атомуҳаммади Нур мегӯяд, ин дастурро напазируфта, дар ҷои худ боқӣ мондааст. Бо гузашти беш аз як моҳ ин бӯҳрон миёни Балху Кобул ҳал нашуд.

Радиои Озодӣ: Нофаҳмӣ ё печидагиҳое, ки миёни Шумо ва ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба миён омадааст, воқеан, чӣ роҳи ҳал дорад?

Атомуҳаммади Нур: “Аввал инки ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳосили тавофуқот аст. Ин ҳукумат баъд аз баҳси зиёд ва тақаллуботи густардае, ки сурат гирифта буд, ба миён омад. Мо ҳам як тарафи ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳастем. Аммо тасмиме, ки дар ин авохир раиси ҷумҳур бидуни мувофиқа бо гирифт, амали дуруст набуд. Амали каҷравона ва нишони худкомагӣ буд. Мо ба хотири таъмини адолати иҷтимоӣ истодагӣ кардем. Роҳи ҳалли ин печидагие, ки доманааш тамоми Афғонистонро фаро гирифтааст, чандон содда ҳам нест. Аммо роҳи маъқул ва мантиқӣ ин аст, ки раиси ҷумҳур вазъияту шароити Афғонистонро бидонад, ваҳдати миллиро риоя кунад, ҳузури нухбахон ва чеҳраҳои тавонмандро таҳаммул намояд. Намешавад, ки бо чанд одами бепоя тамоми Афғонистонро дар қабза гирифт. Адолати иҷтимоӣ заминасози ваҳдати миллӣ аст. Раиси ҷумҳур бояд ба ҳуш биояд ва бо тамоми тарафҳои муҳими қазияи Афғонистон якдигарфаҳмӣ кунад. Ин аст, ҳалли қазия аз нигоҳи мо.”

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Радиои Озодӣ: Дар чанд суҳбати қаблии худ ишора кардаед, ки нақшаи ноором кардани шимоли Афғонистонро доранд. Ҳадаф аз “кӯчидан”-и ноамниҳо ба шимол чист? Марзҳои Осиёи Марказӣ?

Атомуҳаммади Нур: “Шимол аз вилоятҳои амни Афғонистон буд. Ҷанг қасдан ба шимол интиқол дода шуд. Ё ҳукумат заъф дошт ва ҷанг омад ба шимол. Феълан мо бо ҳузури гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” даст ба гиребон ҳатем. ДИИШ аз Бадахшон гирифта то Кундуз ва баъзе ноҳияҳои Ҷузҷону қисматҳое аз Форёб ҳузури густарда дорад. Фаъолият мекунад. Ба истиснои Нангарҳор, Ғазнӣ ва Лағмону Кунар. Тасмими ниҳоии ДИИШ ин аст, ки дар шимоли Афғонистон ҷо ба ҷо шавад ва сипас марзи кишварҳои Осиёи Марказиро рахна кунад. Ин хатар, воқеан, ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Мо комилан аз ин барнома огоҳӣ дорем. Аз ҳузурашон огоҳӣ дорем.”

Радиои Озодӣ: Аммо дар Афғонистон баъзеҳо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро нирӯе донистаанд, ки гӯё аз дасташ чизе барнамеояд. Бархе мақомдорони Афғонистон ҳам иддао кардаанд, ки он як қувваи кӯчак аст...

Атомуҳаммади Нур: “Ин як таблиғоте беш нест, то худнамоӣ кунанд, ДИИШ-ро хурд нишон диҳанд. Дувуним сол пеш садо баланд карда будам, ки ДИИШ ба вилояти Бадахшон омад. Дувоздаҳ хонавода омада буд. Гуфта будам, ки инҳо калон мешаванд, бузург мешавад. Ҳар касе, ки инҳоро кӯчак мегӯяд, ин тавр нест. Майдонҳои калонро дар ихтиёр доранд, аз мардум молиёт мегиранд, аз берун ёрӣ дарёфт мекунанд. Ин як хатари бузург аст.”

Радиои Озодӣ: Оё иттилое доред, ки дар миёни ДИИШ-иҳо ҷангҷӯёни тоҷик ҳам ҳастанд ё не?

Атомуҳаммади Нур
Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур: “Бале. На танҳо ҷангҷӯёни тоҷик, балки аз Қазоқистону Чеченистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳам ҳузур доранд. Уйғурҳо ҳастанд. Дар вилоятҳои мухталиф ҳузур доранд. Ин иттилои дақиқ аст. Бале онҳо ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Феълан дар Афғонистон талош доранд, ки бо ҷунбиши Толибон сулҳ кунанд. Мавқеи Шумо дар ин маврид чӣ аст?

Атомуҳаммади Нур: “Сулҳ як амри хайр аст, Худо ҳам сулҳ гуфтааст. Аз назари ҳуқуқи инсон ва миллату давлат сулҳ таъминкунандаи оромӣ ва зиндагии мураттаб аст. Мо натанҳо сулҳро таъйид мекунем, балки барои оварданаш таъкид мекунем, ҳимоят мекунем, ҳамкорӣ мекунем. Аммо ин сулҳе, ки гуфта мешавад, як пружаи сиёсие беш нест. Ҳам он гуна ки ДИИШ хатарнок аст, Толибон, ки инфиҷору интиҳорӣ мекунанд, низ хатарноканд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG