Интихоботи президентии рӯзи 18-уми март дар Русия бидуни рақобати воқеӣ ва дар шароити маҳдуд шудани озодии баён, таҷаммуъ ва иттиҳодияҳо баргузор шуд. Ин нукта дар изҳороти муштараки Ассамблеи порлумонӣ ва Бюрои институтҳои демокративу ҳуқуқи инсони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) зикр шудааст.
Созмонҳои аврупоӣ мегӯянд, ба президенти кунунии Русия Владимир Путин, ки баранда эълом шуд, дар рафти маъракаҳои пешазинтихоботӣ назар ба номзадҳои дигар вақти бештар додаанд, то тавассути телевизион баромад кунад. Ҳамчунин маҳдудияти ба қайдгирии номзадҳо монеи рақобатпазирии интихобот шудааст.
Нозирони САҲА гуфтанд, дар интихоботи рӯзи якшанбеи Русия бо мақсади афзоиши шумори иштироккунандаҳо ба интихобкунандагон фишори бемаврид меоварданд ва фаъолонеро, ки дар бораи қонуншиканӣ мегуфтанд, боздошт мекарданд. Ҳамчунин кори расонаҳое маҳдуд карда шуд, ки раванди раъйдиҳиро бозтоб мекарданд.
Вале САҲА қайд кардааст, ки худи интихоботи 18-уми март муташаккилона ва фаъолияти Комисияи марказии интихоботи Русия босамар буд. Амали мақомоти Украина, ки нагузоштанд, шаҳрвандони Русия дар он кишвар раъй диҳанд, нақзи ҳуқуқҳои асосии инсон арзёбӣ шудааст.
Худи Владимир Путин рӯзи душанбе бо ҳафт номзади боқии дигар дар Кремл мулоқот карда, гуфт, ба хотири манофеи кишвараш бояд бо ҳам талош кунанд. Номзади Ҳизби коммунистии Русия Павел Грудинин пеш аз мулоқот пирӯзии Путинро эътироф карда, вале изҳор дошт, ки мансабдорони рус бо амалҳои худ интихоботи 18 мартро "ифлос" карданд.