Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба суқути як ҳавопаймои мусофирбар дастур дода буд


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин соли 2014 ба суқути ҳавопаймои мусофирбаре дастур додааст, ки бино ба маълумоти пешакӣ дар дохили он бомба буд. Хабаргузории Reuters муҳтавои филми мустанади "Путин"-ро, ки рӯзи якшанбе ба шабакаҳои иҷтимоии русӣ роҳ ёфта буд, пурра нашр кард.

Дар филм Путин ба хабарнигор Андрей Кондрашов мегӯяд, 7 феврали соли 2014, пеш аз кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочӣ як афсари хадамоти амнияти Русия ба ӯ занг зада, аз ғасби ҳавопаймои мусофирбаре хабар дод, ки аз Харков ба Истамбул парвоз мекард.

Ҳамлагарон талаб доштанд, ки ҳавопаймо дар Сочӣ фуруд ояд. Халабонҳои "Boeing 737-800"-и ширкати туркии Pegasus гуфтаанд, ки яке аз мусофирон бо худ бомба дорад. Он замон дар дохили ҳавопаймо 110 мусофир ва дар макони баргузории маросими кушодашавии бозиҳо 40 ҳазор одам ҳузур доштанд.

Президенти Русия ба рӯзноманигор мегӯяд, бо коршиносони масоили амниятӣ машварат кард ва онҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо бояд сарнагун шавад. Путин дар посух гуфтааст: "Тибқи нақша амал кунед".

Баъд аз ин суҳбати телефонӣ Путин ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба маҳалли баргузории маросим ҳозир шуд. Чанд дақиқа пас дубора ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки маълумот дуруғ баромад ва мусофире, ки таҳдид мекард, маст будааст.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 11 март рух додани ин ҳодисаро тасдиқ кард. 18 март қарор аст, дар Русия интихоботи президентӣ баргузор шавад. Хабаргузории Reuters мегӯяд, дар арафаи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия тадбирҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд. Бозиҳо 14 июн оғоз хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG