Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба бойкоти интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон


Ду ҳизби мухолиф дар Озарбойҷон рӯзи 10-уми март дар гирдиҳамоие ба бойкоти интихоботи президентӣ дар он кишвар даъват кардаанд. Ҳизби “Мусават” ва Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ эълон кардаанд, ки дар ин интихобот иштирок нахоҳанд кард.

Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе дар майдони Маҳсули шаҳри Боку ҳазорон нафар иштирок доштанд. Бархеи онҳо барои озодии зиндониёни сиёсӣ, мубориза бо фасод ва озодии сухан шиор доданд.

Бо фармони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 11-уми апрел дар он кишвар интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Алиев дар фармони рӯзи 5-уми феврал сабаби пеш овардани рӯзи интихоботро шарҳ надод, аммо гуфт, ин амр мутобиқи Қонуни асосӣ аст. Ба Қонуни асосии Озарбойҷон соли 2016 чанд тағйир ворид карданд. Ин тағийрот ба Алиев ҳақ додааст, ки интихоботи пеш аз муҳлатро баргузор кунад.

Илҳом Алиев соли 2003, чанде пеш аз марги падараш ба қудрат расид. Вай 15 сол боз Озарбойҷони саршор аз нафтро идора мекунад.

Мушовири президент Алӣ Ҳасанов дар заминаи шарҳи таҳаввулот гуфт, баргузории пеш аз мӯҳлати интихобот ба чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ рабт дорад, ки охири сол дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Аммо мухолифин инро талоши пешгирӣ аз омодагии беҳтари номзадҳо унвон карда мегӯянд, интихоботро "бойкот" хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG