Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар остонаи сафари Мирзиёев


Дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шудааст. Нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9 ва 10-уми марти имсол сурат мегирад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “вобаста ба сафари президенти Узбекистон ва, инчунин, Рӯзи Модар фаъолияти кормандони мо тақвият бахшида шудааст. Ин ба хотири он аст, ки амният на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари Тоҷикистон таъмин бошад.”

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон низ кормандони худро дар ҳоли пурзӯри хидмат қарор дода аст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, “ҳадаф ин аст, ки мардум дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон пураҳамият бояд осуда бошанд”.

Марзбонони тоҷик низ дар марзҳои тӯлонии кишвар бо ҳамсоягон, бахусус Афғонистон дар ҳолати омодабош ҳастанд. Маҳмудҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо онки ягон супориши махсус нашудааст, нирӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош ва тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 9-уми март бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад. Пас аз интихоб шудан ба маснади раиси ҷумҳури Узбекистон ин нахустин сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аст.

Мирзиёевро дар ин сафар як ҳайати тиҷоративу иқтисодии кишвараш ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ки дар нишасти соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG