Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Афсари заҳролудшудаи истихбороти Русия аз амнияти худ нигарон буд


Сергей Скрипал дар додгоҳ бо иттиҳоми "хиёнат ба ватан"
Сергей Скрипал дар додгоҳ бо иттиҳоми "хиёнат ба ватан"

Афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки бо ҷурми хиёнат ба ватан маҳкум ба зиндон шуда буд, бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз маводи ношинос ба бемористон афтод. Ӯ чанде пеш дар бораи нигарониаш аз амнияти худ пулиси Бритониёро дар ҷараён гузошт. Дар ин бора нашрияи The Telegraph рӯзи 6-уми март хабар дод.

Скрипали 66-сола рӯзи якшанбе дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Вазъи ӯ дар фурӯшгоҳ бад шуд. Ҳамроҳи Скрипал як зани ду баробар ҷавонтар аз ӯ бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ ба бемористон афтод. Аммо Би-би-си рӯзи 6 март гуфт, ки ин зан Юлия Скрипал - духтари Сергей Скрипал аст. Табибон аз сарнавишти беморҳо нигарон ҳастанд. Ҳоло расман гуфта намешавад, ки ташхис чиро нишон додааст.

Мақомоти Бритониё ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар умури масоили амниятӣ, ин ҳодисаро ба заҳролудшавии Александр Литвиненко дар соли 2006 монанд кардааст.

Он замон мақомоти Бритониё сабаби якбора бад шудани вазъи сиҳатии Литвиненко - корманди пешини ФСБ-и Русияро натавонистанд шарҳ диҳанд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯро бо маводи радиоактиви полониум заҳролуд карданд. Ҳамсари Литвиненко дар сӯҳбат бо The Telegraph гуфтааст, вазъи Скрипал ба ҳолати ҳамсари ӯ "бисёр монанд" аст.

Скрипал моҳи декабри соли 2004 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо хадамоти истихбороти Бритониё боздошт шуд. Тафтишот гуфт, Идораи истихбороти Бритониё Скрипалро дар ҳоле истихдом кард, ки ӯ дар хидмати низомӣ буд.

Ба гуфтаи тафтишот, ҷавобгар ба ин идора маводи сирриро ироа мекард. 9-уми августи соли 2006 додгоҳи низомии Маскав Сергей Скрипалро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Скрипал соли 2013 дар қатори маҳбусони дигар афв шуд ва дертар бо ҷосусони Русия, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд. Солҳои ахир ӯ дар Бритониё зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG