Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи миёндаврии Хуҷанд ҲХДТ бар ҲДТ ғолиб омад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар интихоботи миёндаврии маҷлиси вакилони вилояти Суғд барои курсии холимонда аз ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"-и шаҳри Хуҷанд, раиси ин шаҳр бо касби беш аз 80 дарсади раъйи мардум бар рақибаш аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ғолиб омад.

Маъруф Муҳаммадзода аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ беш аз 80 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва рақиби ӯ Абюдуҷаббор Юлдошев, раҳбари созмони Ҳизби демократии Тоҷикистон дар Суғд каме беш аз 1 дарсади овози интихобкунандагонро аз худ кард

Бино ба иттилои Шарифуллоҳ Абдуллозода, раиси комиссияи вилоятии интихобот, дар ҳавзаи интихоботии “Бофанда -2”-и шаҳри Хуҷанд наздики 17 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда буд ва рӯзи 26-уми феврал ҳудуди 13.5 ҳазор нафари онҳо ба пойи сандуқҳо ҳозир шудаанд.

Абдуҷаббор Юлдошев, раиси созмони суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар интихобот назар ба чашмдошташ овози камтар гирифт. Ӯ афзуд, чун дар ҷараёни шумориши овозҳо нозирони ҳизбаш иштирок надоштанд ва дар комиссияҳои қитъавӣ ва ҳайъати нозирон шомил набуданд, бинобар ҳамин наметавонад, ки воқеан чӣ қадар овоздиҳандагон ба ӯ раъй доданд.

“Аммо ин, ки варақаҳои ҳудуди 17 дарсади овоздиҳандагон ношоям дониста шудааст, маро дар шак мегузорад. Наход ҳамин миқдор дар пур кардани варақаи овоздиҳӣ, ки он ҷо номи ҳамагӣ 2 нафар ҳаст, хато карда бошанд?",-афзуд ӯ.

Вале ҷаноби Юлдошев аз ин, ки ҷараёни сабти номи ӯ ва иштирокаш дар интихоботи миёндаврӣ бидуни қонуншиканӣ сурат гирифт ва ба ӯ имкон доданд назди интихобкунандагон озодона сӯҳбат ва саволу ҷавоб намояд, изҳори хушнудӣ кард. Ӯ гуфт, сӯҳбат бо сокинон ва ошно кардани барномаҳои ҳизби демократ боиси ҷалби таваҷҷӯҳи бисёриҳо гардид.

“Ҳатто чандин кас, ки қаблан бо ман қаҳрӣ буданд ва дурӣ меҷустанд, баъди сӯҳбатҳо омада, даст доданд. Ин албатта дили маро ба тарғиби барномаҳоҳои ҳизбам гармтар мекунад”,- афзуд ӯ. Баъд аз интихоботи гузаштаи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2015, намояндагии Ҳизби демократ дар Суғд бори аввал ба ҳайси довталаб ба майдон ворид гардид.

XS
SM
MD
LG