Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадина Назарова ҷоизаи имсолаи “Авто-Бону”-ро аз худ кард


Мадина Назарова, як ронандаи зан аз Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи озмуни имсолаи “Авто-Бону” эълон шуд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷои дувумро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварда, ҷои севум насиби Раҳима Сабзалиева, Барногул Усмонова ва Сурайё Салмонова шудааст.

Озмуни имсолаи “Авто-Бону” рӯзи 3-юми март дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Мақомот гуфтанд, ки дар озмуни имсола панҷоҳ ронандаи зан иштирок карданд.

Муҳаммадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, ҳангоми натиҷагирии озмун аз ронандагони зан ситоиш карда, гуфтааст, онҳо дар муқоиса ба мардон камтар ба нақзи қоидаҳои роҳ иҷоза медиҳанд. “Ҳадаф аз баргузории озмун пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷӯҳи сокинон ба масоили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, боло бурдани малакаи касбии ронандаҳои зан ва таблиғи қоидаҳои ҳаракат буд”, - гуфтааст Саидзода.

Бори чаҳорум аст, ки дар кишвар озмуни “Авто-Бону” баргузор мешавад. Озмуни нахустини «Авто-Бону» дар робита ба соли 2015 эълон шудани «Соли оила» баргузор шуда, дар он 24 нафар довталабона иштирок карда буданд.

XS
SM
MD
LG