Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Олии Эрон Башор Асадро "намунаи олии муқовимат" номид


Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ ва президенти Сурия Башор Асад

Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ, рӯзи 1 март аз президенти Сурия Башор Асад ситоиш кард ва гуфт, ки сарфи назар аз хашми байналмилалӣ дар робита ба марги аҳолии мулкӣ дар Ғутаи Шарқӣ, Теҳрон аз Асад пуштибонӣ хоҳад кард.

Изҳороти Хоманеӣ дар ҳоле пахш шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз Эрон ва Русия даъват кард, ба Асад фишор биёранд то оташабасро риоя ва аз идомаи ҳамла ба Ғутаи Шарқӣ, ки то ҳол беш аз 500 нафарро қурбон кардааст, худдорӣ кунад. "Эрон ҳамчунин аз режими Сурия ҳимоят хоҳад кард",- гуфт раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ дар сомонаи расмиаш. "Сурия дар хати ҷанг қарор дорад ва вазифаи мо аст, ки аз сокинонаш ҳимоя кунем",- афзӯд Хоманеӣ.

Раҳбари Олии Эрон Башор Асадро " намунаи олии муқовимат ва мубориза" номид, ки ба гуфтаи Хоманеӣ "ҳеҷ гоҳ тардид нашуд ва қавӣ истод".

Рӯзи 24 феврал Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи оташбаси 30-рӯза дар Ғутаро қабул кард. Аммо сарфи назар аз ин, хушунатҳо дар ин минтақаи воқеъ дар канораҳои Димиқ идома дорад.

Русия рӯзи 26 феврал барои ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба Ғутаи Шарқӣ "оташбаси панҷсота ва "долони амниятӣ" эълон кард. Аммо Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки панҷ соат барои расонидани кӯмак кифоя нест.

Видеоҳои охирин

Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG