Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи RussianPlanes баъди нашри "хабари кокаин" баста шуд


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Тарҳи RussianPlanes, марбут ба ҳавонавардии Русия, баъди пахши хабари РБК дар бораи интиқоли кокаин аз Аргентина ба Росия, дар ҳавопаймои "Россия" борти 96023 баста шуд. РБК ҳангоми пахши ин хабар RussianPlanes-ро ҳамчун манбаи худ зикр карда буд.

Молики сомонаи "Медиазоне" рӯзи 27 феврал гуфт, ки тарҳро бо ибтикори худ, баъди пахши хабари РБК масдуд кард, зеро намехост касеро зери зарба қарор диҳад. Рӯзи гузашта шабакаи телевизионии РБК хабар дод, ки ИЛ-96- и "Россия" таҳти рақами 96023, дар қазиия интиқоли 400 кило кокаин аз Буэнос-Аэрос ба Маскав, ба воситаи канлаи дипломатӣ, даст дорад. Пулиси Аргентина навори ба ҳавопаймо бор кардани кокаинро намоиш дод.

Дар бораи ба қочоқи маводи мухаддир даст доштани кормандони сафорати Русия дар Аргентина рӯзи 22 феврал хабар пахш шуд. Дар ин парванда шаш нафар - кормани собиқи сафорат, корманди пешини пулиси Аргентина ва як руси сокини Олмон ҳузур доранд. Руси олмонӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, гумонбарҳои дигар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG