Дар Тоҷикистон ба сафари қарибулвуқӯи президенти Узбекистон хушбин ҳастанд. Мақомот гуфтанд, дар музокирот бо Шавкат Мирзиёев даҳҳо санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг ба имзо хоҳад расид.
Дар ин бора рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ Абдуфаттоҳ Шарифзода, сӯхангӯи президенти Тоҷикистон, изҳори назар кард. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон ба сафари Мирзиёев омодагиҳо идома дорад ва интизор меравад дар даҳҳаи аввали моҳи март сафари расмии президенти Узбекистон ба Тоҷикистон сурат гирад. Манобеи ҳукуматӣ ва баъзе матбуот дар Тоҷикистон ва Узбекистон менависанд, ки ба эҳтимоли ғолиб рӯзҳои сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 ва 10-уми март хоҳад буд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, аз тарафи Тоҷикистон барои ин сафар ҳама чиз омода ва мувофиқа шудааст: "Аксарияти санадҳое, ки дар ҷараёни мулоқоти нахуствазири Узбекистон ба Тоҷикистон омода шуданд ва, ҳамчунин, дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Тошканд таҳия шуданд, ба имзо хоҳанд расид. Бисёр масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намуданд."
Дар чаҳорчӯби ин сафар, қарор аст, музокироти раиси ҷумҳурон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор шавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, "ин сафари муқаррарӣ набуда, таърихӣ хоҳад буд ва як гардиши куллӣ дар муносибатҳои неки ду кишвар хоҳад шуд”. Вай афзуд, муносибатҳои дуҷониба ру ба беҳбудӣ мениҳад.
Дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба Душанбе, қарор аст, созишномаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои густарда имзо шавад, ки яке аз онҳо сабукӣ дар низоми раводид ва сафарҳои бемаҳдудият ба қаламрави якдигар мебошад.
Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт.