Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ордени "Спитамен" ба полковники кушташудаи тоҷик


Хайриддин Аҳтамов

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Хайриддин Аҳтамов, полковники кушташудаи тоҷик, ордени “Спитамен, дараҷаи I” дод. Ин орден “барои ҷасорат ва мардонагӣ ҳангоми ҳимояи марз” тақдим шуд.

Хайриддин Аҳтамов, сардори собиқи дастаи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, шаби 2-юми декабри соли гузашта ҳангоми як даргирӣ бо гурӯҳи 12-нафарии қочоқбарони афғон кушта шуд.

Ин орденро Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 22-юми феврал ба Гулнисо Нозимова, ҳамсари Аҳтамов супурдааст. Масъулони Идораи марзбонӣ гуфтаанд, манзили зисти полковник низ таъмир шуда, хонаро бо ҷиҳози замонавӣ таъмин кардаанд.

Ҳодисаи кушта шудани Хайриддин Аҳтамов аз пурсарусадотарин ҳодиса дар марзи Тоҷикистон дар соли гузашта буд. Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ҳодисаро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд.

Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардиданд.

Баъди ин ҳодиса, Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳи марзиро якҷониба бо Афғонистон баст ва дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, ки як роҳи аслии воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аст, ба вуруди шаҳрвандони кишвари ҳамсоя маҳдудият ҷорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG