Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лижаронҳои Қазоқистон ба даҳгонаи аввали Олимпӣ шомил шуданд


Лижаронҳои Қазоқистон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Норевегия. Акс аз Франс Пресс
Лижаронҳои Қазоқистон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Норевегия. Акс аз Франс Пресс

Дар мусобиқаи мардонаи 4 ва 10-километрӣ дар Бозиҳои Пхёнчхан лижаронҳои Қазоқистон мақоми 8-ро соҳиб шуданд. Дар марҳалаи аввали мусобиқа роҳбари тими Қазоқистон Алексей Полторанин пирӯз омад.

Аммо дар марҳилаҳои баъдӣ намояндагони Қазоқистон натавонистанд ин авлавиятро ҳифз кунанд. Дар марҳилаи дувум Евгений Величко нафари панҷум ба марра расид ва дар ду марҳилаи баъди Виталий Мухкало ва Денис Волотка натавонистанд нисбат ба дигарон зудтар ҳаракат кунанд.

Медлаи тилорро Норвегия, нуқраро Русия ва биринҷиро Фаронса соҳиб шуд. Тими Қазоқистон 3.5 дақиқа аз тими Норвегия дербар ба марра расид.

Бозиҳои XXIII Олимпӣ 25 феврал ба поён мерасанд. Тими Қазоқистон то кунун як медали бириҷӣ ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG