Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев кори Кумитаи амниятро бо таъқибҳои солҳои 37 баробар кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 16 феврал дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Пешкуи вилояти Бухоро бори дигар фаъолияти Хадамоти амнияти миллии кишварашро танқид кард. Ба гуфтаи Мирзиёев, кормандони Идораи амнияти Бухоро бисёре аз мардумро шиканҷа ва соҳибкорони бегуноҳро зиндонӣ карданд.

Мирзиёев гуфт, ки аз доираи ваколатҳои худ берун рафтани кормандони Хадамоти амният ба афзоиши норозигии мардум дар Бухоро сабаб шудааст.

"Додани ин қадар ваколатҳо ба яке аз ниҳодҳои давлатӣ хиёнати воқеӣ ба давлат аст. Бинобар ин, норозигии мардум дар Бухоро ҳам афзоиш ёфтааст. Муаллифони номаҳое, ки ба унвони мо омадаанд, хеле норозиянд. Ин созмонҳое, ки соҳибкоронро маҳв мекарданд, то ҳол мавҷуданд", - изҳор дошт Мирзиёев.

Ба гуфтаи Президенти Узбекистон, ӯ дар бораи ҷинояткориҳои кормандони Хадамоти амнияти кишвараш дар Бухоро далелҳои зиёд дорад.

"Ман ҳатто акси ҳолатҳои даст ба шиканҷа задани онҳоро дорам. Ному насаби ин муфаттишонро ҳам медонам. Худо хоста бошаду сиҳат саломат бошем, ба воситаи оинаи нилгун хоҳед дид. Коре мекунам, ки ин рӯзҳо ба сари онҳо низ биояд. Барои чӣ? Барои он ки ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар лозим шавад, 20 сол зиндонӣ мешаванд", - афзуд ӯ.

Шавкат Мирзиёев мегӯяд, ба далели амалҳои ғайриқонунии кормандони амнияти Узбекистон бисёре аз соҳибкорон маҷбур шудаанд, Бухороро тарк кунанд. Ӯ фаъолияти кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбекистонро бо таъқибҳои солҳои 37-уми асри гузашта баробар кард.

XS
SM
MD
LG