Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский дар бораи Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши сулҳ гуфт


24 майи соли 2024, Харков. Мулоқоти президенти Украина Владимир Зеленский бо хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ
24 майи соли 2024, Харков. Мулоқоти президенти Украина Владимир Зеленский бо хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Президенти Украина Владимир Зеленский барои хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ нишасти матбуотӣ барпо кард.

Ӯ дар ин нишаст назарашро дар бораи сиёсати раҳбарони кишварҳои минтақа ва даъвати онҳо ба Ҳамоиши сулҳ баён намуд.

Сӯҳбати Зеленский ва хабарнигорон дар Харков, яке аз шаҳрҳои дар паи оташи артиши Русия харобшуда баргузор шуд. Дар ин нишаст хабарнигори радиои «Азаттик» - Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иштирок кард.

Ҳамоиши сулҳ ва ОМ

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, дар сиёсати хориҷӣ, бо вуҷуди эълони мавқеи бетарафӣ раҳбарони минтақа боз ҳам ба Кремлин майл нишон медиҳанд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

«Дар раҳбарони шумо начандон мувозинат ҳаст. Онҳо аз тарси Кремл бештар ба ҷониби Русия майл доранд. Мефаҳмонам чаро? Ба шумо мисол меорам. Умедворам, ки ин фикри ман аст. Зеро ман касеро таъна намекунам. Мо интихоби худро кардем, мо мубориза мебарем. Ва ман танҳо дарди диламро мегӯям. Мана, ба шумо мисол: Мо Ҳамоиши сулҳро барпо мекунем. Мо қадамҳои аввали худро мегузорем. Ин қадамҳо мисли кӯдак устувор нестанд, вале муҳим аст, ки онро дастгирӣ кунанд. Ин қадамҳои дуруст аст. Қадамҳо ба пеш, қадамҳо ба сулҳ. Ин қадамҳо ба самти ҷанг нестанд. Мана мисол: Мо мустақилона ва озодона тамоми раҳбаронро, ки то ин вақт сари як миз набуданд, ба музокирот даъват кардем. Баъзеҳо манфиатҳои худро доранд. Баъзеҳо ба таҳрим ҳамроҳ шуданд, дигарон не. Мо ҳамаи раҳбарон ва аз ҷумла раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро даъват кардем. Мо мехоҳем ҳамаро дар ин Ҳамоиш бубинем».

Зеленский мавзеъгирии Осиёи Марказиро танқид кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Зеленский гуфт, ҳамоиши Швейсария ба дастгирии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ниёз дорад. Ӯ гуфт: «Чӣ бадӣ дорад? Ҳузур надоштани Путин масъалаи бузург нест. Як фикр кунед. Оё аз ҳамин сабаб Путин савори танкҳо шуда, ба хоки яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷовуз мекунад? Не. Ин баҳона шуд наметавонад. Пас бигӯед, раҳбароне, ки ба ин маҷлис ҳамроҳ намешаванд, аз чӣ метарсанд? Метарсанд, ки чизеро гум мекунанд. Метарсанд, ки равобиташон бо Кремли имрӯза бад мешавад. Ин ҳол ба хатми ҷанг кӯмак намекунад. Худо нишон надиҳад, вале як бор тасаввур кунед, ки шумо дар ҳолати мо бошед. Чӣ гуна кишвар ва мардуми шумо ба мамлакатҳое нигоҳ мекард, ки шуморо дастгирӣ намекунанд? Ваё дастгирӣ мекунанд, вале ҳамроҳ намешаванд. Таҳримҳоро ҳукумат ҷорӣ мекунад. Вале Ҳамоиши сулҳ - ин сулҳ ва муколлама аст. Тасаввур кунед, ки шумо дар ҷанг бо ҳар гуна таҷовузгар танҳо мемонед. Ба фикри ман ин заъф аст. Мо мехоҳем, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳамоиши сулҳ ҳузур дошта бошанд ва ин ҳодисаро дастгирӣ кунанд”.

Ҳамоиши байналмилалии Швейсария ба санаи 15-16-уми июн дар нақша гирифта шудааст ва он баъди нишасти Гурӯҳи ҳафтгона барпо мешавад, ки дар Итолиё дар нақша гирифта шудааст. Швейсария барои иштирок дар ин нишаст намояндаи беш аз 160 давлат ва созмонҳои байналмилалиро даъват кардааст. Русия ба ин нишаст даъват нашудааст.

Владимир Зеленский қаблан гуфт, ки намехоҳад, ки бо дахолати Русия ин нишаст ноком шавад. Ӯ гуфтааст, ки намояндагони Русияро тавассути миёнҷиҳо дар давраи баъдӣ ҷалб хоҳанд кард.

Мақомот дар Маскав қаблан гуфтанд, ки ҳатто агар даъват мекарданд, ба ин нишаст намерафтанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров таъкид кардааст, ки Русия омода нест “формулаи сулҳи Украина”-ро, ки асосаш берун шудани артиши Русия аз ин кишвар аст, баррасӣ кунад.

Маълум нест, ки оё раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин нишаст мераванд ё на. Дар Тоҷикистон ҳанӯз касе омода нест дар ин бора сӯҳбат кунад.

Дар бораи истиқлолият

Владимир Зеленский дар мулоқот бо хабарнигорони Осиёи Марказӣ ба мавзӯи истиқлолият ҳам муроҷиат кард. Ӯ гуфт:

«Мо ҳоло аз марҳилаи бисёр сахту сангини мубориза барои истиқлолият мегузарем. Ин фақат як гапи хушобуранг дар бораи забону фарҳангу дигар чизҳо нест. Истиқлолият дар зеҳни инсон аст, яъне ту инсони озод ҳастӣ. Ин хеле муҳим аст ва бисёр арзиши қиммат аст, ки зиндагӣ дар ихтиёри худат бошаду худат интихоб кунӣ, ки чиро дӯст дориву дар куҷо зиндагӣ кунӣ, дар куҷо кор кунӣ. Озодӣ бисёр муҳим аст. Ба бовари ман, роҳ ба самти истиқлолият ҳам дар ҳамин аст, - гуфт Зеленский. – Ҳар кишвар роҳи худро дорад. Ман ба шумо машварат медиҳам, ки ба ҳамин роҳ қадам монед, то ки фардо мисли мо, украиниҳо, барои он вориди муборизаи дардноке нашавед. Ба ҷуз дӯстиву эҳтиром, худро бо бародари бузург напайвандед, чун ба шумо фишор овардаву қарор қабул кардаву ҳоказоро раво мебинад. Ҳадди аксар озод бошед».

Зеленский гуфт, истиқлолият як омили бисёр муҳими рушди иқтисодӣ мебошад ва ҳеҷ зарур нест, ки кишвар соҳиби захираҳои бои табиӣ бошад. “Кишварҳое ҳаст, ки бидуни захираҳои бои табииву энергетикӣ, аз ҷиҳати фаннӣ тавонистанд ба сатҳи баланди ҷаҳонӣ баланд шаванд. Чунки онҳо мустақиланд. Онҳо новобаста ба ҳар чизи дигар пул кор мекунанд. Чунки онҳо пеш аз ҳама ба мардуми худ – ба омӯзишу маълумот, озодӣ сармоягузорӣ мекунанд, онҳо дар фикри кору зиндагии роҳати мардум ҳастанд, то ки онҳо шаҳрвандӣ, шиноснома ва парчами худро эҳтиром кунанд”, гуфт Зеленский.

Бетарафии Осиёи Марказӣ

Баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина феврали соли 2022 тақрибан ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ ҷанги Маскав алайҳи Киевро маҳкум накард ва дар зоҳир намудор кард, ки гӯё мавқеи бетарафро касб кардааст. Дуюним сол баъд ҳам ин мавқеи онҳо дигар нашудааст.

Қазоқистон як ҳафта баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина ин ду кишварро ба гуфтушунид даъват намуд. Чанде баъд дар Остона мақомот гуфтанд, ки Украина бояд як кишвари мустақил бошад ва ҳудудҳои марзии худро ҳифз кунад.

Қирғизистон ҳам соли 2022 тарафдори ҳалли мусолиматомези низоъ шуд. Чанде баъд президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки кишвараш дар ин ҷанг мавқеи бетарафро касб кардааст.

Айни чунин мавқеъро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам соли 2022 баён намуд.

Соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Душанбе ҷонибдори хатми ҳарчӣ зудтари ҷанг аст ва таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таври анъанавӣ ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина муносибати хуб дорад. “Мо бо Русия – шарики стратегии худ ва Украина муносибатҳои хуб дорем. Мо ҷонибдори ҳарчӣ зудтар ҳал шудани низоъ бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ мебошем,” – афзуд ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин гуфт, Тоҷикистон мухолифи иштироки муҳоҷирони кории тоҷик дар ҷанг аст.

Туркманистон, ки тақрибан ҳамеша мавқеи бетарафӣ нисбати таҳаввулоти ҷаҳонро дорад, ба қавли матбуоти маҳаллӣ, бештар ҷонибдори Кремлин дар ин ҷанг аст. Бархе мақомоти ин кишвар дар ҷаласаҳое Ғарбро дар ҷанги Русия алайҳи Украина гунаҳгор мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG