Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят як зани тоҷирро барои 10 сол паси панҷараи зиндон бурд


Зани тоҷик барои қаллобӣ паси панҷара рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Зани тоҷик барои қаллобӣ паси панҷара рафт

Шикояти дастаҷамъонаи гуруҳе аз шаҳрвандон сабаб шуд, ки як зани ба гуфтаи худаш, соҳибкор ба 10 соли зиндон маҳкум гардад.

Онҳо шикоят карданд, ки Зулфия Рабиева аз роҳи фиреб маблағҳои калонашонро бо ваъдаи тиҷорат ва даромади чандбаробар аз худ кардааст. Мақомот мавзуъро расман шарҳ намедиҳанд. Вакили мудофеи маҳкумшуда ба Радиои Озодӣ гуфт, Зулфия Рабиева афроедро, ки худро ҷабрдида меноманд, фиреб накардааст, балки додугирифти пул бо хоҳиши худи онҳо сурат гирифтааст.

Гулҷавҳар Қосимова, сокини Душанбе аз ҷабрдидаҳоест, ки мегӯяд, аз бонк ва дигар шиносҳояш пул қарз гирифта ба маҳкумшуда додааст: “Дар маҷмӯъ 8 миллион сомонӣ аз ҷабрдидаҳо қарздор аст. Санҷиши молӣ инро муайян кард. Аз ин 2,5 миллионаш аз ман аст. Маро як нафари дигар ба ӯ шинос кард. Дар рӯзҳои аввал равғану ордро нисбат ба нархи бозор арзон оварда ба мо медод. Мегуфт, маблағи бештар диҳед, ман тиҷорат карда, фоидаашро тақсим мекунем. Бовараш кардем.”

Ба гуфтаи ин ҷабрдида, Зулфия Рабиева аз ҳамин роҳ сармояи беш аз 30 нафари дигарро гирифта, барнагардонидааст. Баъзе аз ҷабрдидаҳо мегӯянд, ин зан наметавонист, ба танҳоӣ ва бе пуштибон чунин кореро анҷом диҳад. “Дар додгоҳ мегӯяд, ки ман танҳо будам, лекин ба мо мегӯяд, ман одам доштам. Вақти ҳамроҳи мо кор карданд, танҳо набуд. Се мард ҳамроҳаш буд. Бо телефон вақте гап мезадем, мегуфт, ки ман дар офис ҳастам. Овози мардҳо меомад. Ҳатто, агар ягон мушкил пеш меомад, вай аз онҳо иҷозат мепурсид, ки кори ҳаминҳоро дар ҳамин вақт ҳал кунам, ё не. Вақте ки онҳо иҷозат медоданд, кори моро ҳал мекард» - гуфт, Мавлуда Раҳматуллоева, ҷабрдидаи дигар.

Хонум Раҳматуллоева иддао дорад, ки маҳкумшуда Зулфия Рабиева наздики 3 миллион сомонии ӯро барнагардонидааст. Бо гузашти тақрибан 6 моҳ аз эълони ҳукми Зулфия Рабиева, ҷабрдидаҳо наметавонанд, пули худро пас гиранд. Онҳо барои ҳалли мушкилашон ба мақомот, аз ҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон, дастгоҳи раиси ҷумҳур, вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардаанд. Мегӯянд, муроҷиатҳояшон бенатиҷа будааст.

Дар қарори додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе омадааст, гуноҳи макҳкумшуда собит шуда ва худи ӯ низ ба кирдораш иқрор гаштааст. Дилором Маҳмадалиева, вакили дифои ҷониби маҳкумшуда, рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, барои баргардонидани пули ҷабрдидаҳо нафари зери ҳимояташ бояд дар озодӣ бошад. Ба қавли ӯ ҳукми зерҳимояаш Зулфия Рабиева сангин аст, зеро аксари ҷабрдидаҳо бо Рабиева шартномаи қарзӣ доштаанд ва дар чунин ҳолат баҳс бояд баҳси шаҳрвандӣ мешуд, на ҷиноӣ.

«Рабиева Зулфия гуфт, ки дархост кардам, бору маблағро равон кардам, на борҳоям омад, на пул. Гуфт, лекин фақат вақт даркор камтар мушкил шудагӣ дар масъалаҳои доду гирифташон бо кадом мағозаҳое. Аз ҳамон ҷое, ки бор фармоиш медодааанд. Мегӯяд, камтар вақт даркор, ки ҳамон монеагиҳо бартараф шавад. Ҷабрдидаҳо дигар тоқат накарданд. Ҳозир вақте, ки Зулфия Рабиева ҳукм гирифт, намедонам тақдири маблағҳои инҳо чӣ мешавад. Дар инҷо аз як сӯ худи ҷабрдидаҳо ҳамааш медонистанд, ки Рабиева Зулфия як самбӯсафурӯш аст дар бозор ва бо хоҳиши худ ба ӯ пул додаанд. Як самбусафурӯш чӣ хел ба боварии инҳо даромад? Аз ин бармеояд, ки ҷабрдидаҳо якчанд маротиба аз ин корашон фоида гирифтагӣ ҳастанд, ки боз маблағ додаанд» - шарҳ дод, вакили дифои маҳкумшуда.

Феълан маълум нест, миллионҳо сомонии ҷабрдидаҳо аз кадом роҳ ва чӣ гуна ба онҳо пас гардонида мешавад. Дар гузашта чанд шеваи фиреби аҳолӣ ифшо шудааст, ки калонтарини онҳо бо номи “муҳра бизнес” маъруф гашт. Бо вуҷуди он ки ҳар дафъа мардум огоҳ карда мешаванд, ки аз пайи даромади боварнакарданӣ ва осон фиреб нахӯранд, чунин ҳодисаҳо бозу боз рӯй медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG