Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои эронии худ Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба суқути ҳавопаймо дар Эрон, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд, номаи тасаллият фиристодааст.

Дар номаи тасаллияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст, "фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид. Бо изҳори ҳамдардиву тасаллияти самимии хеш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонам".

Ҳавопаймои ширкати "Осмон Эйрлайнз" рӯзи 18-уми феврал ҳангоми парвоз аз Теҳрон ба шаҳри Ясуҷ воқеъ дар вилояти Исфаҳони он кишвар суқут кард. Тамоми 66 сарнишини ҳавопаймои мусофирбари Эрон дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо Исфаҳон ҳалок шудаанд.

Ҳавопаймо 60 мусофир ва 6 халабон дошт. Сабаби фалокат маълум нест. Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки 12 гурӯҳи наҷотбахшро ба маҳалли суқути ҳавопаймо фиристодааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Эрон ҳавои номусоид нагузоштааст, ки чархболи наҷот ба маҳалли ҳодиса бирасад.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG