Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти хотираи Акбари Саттор


Акс аз соли 2014
Акс аз соли 2014

Агар умр вафо мекард, Рӯзи 10-уми феврал агар умр вафо мекард, Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 53-сола мешуд. Акбари Саттор рӯзи 28-уми августи соли 2015 даргузашт.

Гурӯҳе аз журналистони тоҷик дар як иқдоме хотираи Акбари Сатторро гиромӣ доштанд. Онҳо рӯзи шанбе ба сари қабри Акбари Саттор дар маҳаллаи Мортеппаи Ҳисор рафтанд. Ҳамчунин, ба манзили падарии Акбари Саттор рафта, модари ӯро аёдат карданд.

Акбари Саттор, муассис ва молики нашрияҳои маъруфе, чун “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, "Дайджест-Пресс", “Аладдин” ва “Зан ва мард” буд. Соли 2005, тайи 10 сол раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистонро низ бар дӯш дошт.

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳар сол дар солрӯзи марги Акбари Саттор хотираи ӯро бо баргузории маросиме гиромӣ медоранд. Соли гузашта дар ҳамчунин маросиме аз китоби “Акбари бузург” рӯнамоӣ шуд, ки дар он мақолаву ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбари Саттор гирдоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG