Ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки дар Тайбэйи Чин ҷараён дорад, маълум шуданд.
Чунонки сомонаи расмии Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) хабар додааст, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ки 6-уми феврал ба анҷом расид, ҳашт дастаи мунтахаби миллӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳамин тариқ, дар 1/4 финал Лубнон бо Ироқ, Тайланд бо Эрон, Узбакистон бо Ветнам ва Ҷопон бо Баҳрайн рақобат мекунанд. Ин бозиҳо 8-уми феврал баргузор мешаванд.
Бар асоси дастури мусобиқот минбаъд бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаҳои мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум мегарданд. Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё 11-уми феврал ба поён мерасад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” бо 3 имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар ду бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбакистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбакистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбакистон - ба чорякфинал баромаданд.
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018).
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст