Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз резиши барфу тарма ва яхбандиҳо дар Қирғизистон


Роҳи Бишкек - Ӯш

Ҳавошиносони Қирғизистон ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои 4-5 феврал ҳаво дар ин кишвар номусоид шуда, дар минтақаҳои куҳӣ ва шоҳроҳҳои Бишкек-Ӯш, Мирзака-Кара-Кулжа-Алайкуу ва минтақаи Тамчӣ барфрезии шадид, фаромадани тарма ва яхбандиҳо дар назар аст.

Пештар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҳушдор дода буд, ки ба далели номусоид омадани бодуҳаво аз 3 то 5 феврал дар минтақаҳои куҳӣ ва ағбаҳо фаромадани ярчу тарма эҳтимол дорад.

Ба маълумоти вазорат, баландии барф дар ағбаи "Тоо-Ашуу 1,2 метр ва дар ағбаи Отмок 80 см буда, роҳҳо ҳама яхбандӣ шудаанд. Равуо низ дар тамоми роҳҳои куҳии Қирғизистон мушкил шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ба ронандагон тавсия додааст, ки ба хабарҳо дар бораи бодуҳаво таваҷҷуҳ карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо фосилаи 500-метрӣ миёни мошинҳоро риоя кунанд.

Видеоҳои охирин

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:04 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG