Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таъйид кард, ки ҳавопаймояшро заданд


Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия ҷойгиранд.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия ҷойгиранд.

Вазорати дифои Русия гуфт, дар воқеъ ҳавопаймои ҷангии СУ-25-и кишвар рӯзи 3-уми феврал дар Сурия сарнагун кардаанд. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки халабон худро аз ҳавопаймо берун андохтааст, вале дар ҷанг бо шӯришиёни мухолифи ҳукумати Сурия кушта шудааст.

Бар асоси баёния, ҳавопайморо бо мушакандозҳои сабук задаанд. Пештар аз ин Созмони Нозири Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, хабар дод, ки ҳавопаймои ҷангии Русияро шӯришиён дар вилояти Идлиб сарнагун кардаанд.

Гурӯҳи ифротгарое ба номи Ҳайат Таҳрир-ал Шом, масъулияти ҳамла ба ҳавопайморо бар дӯш гирифт. Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки ин минтақаро ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротии Ҷабҳат-ал Нусра зери назорат доранд.

Дар Интернет видеоеро гузоштаанд, ки нишон медиҳад, гурӯҳе аз ошӯбгарон дар назди пораҳои сӯхтаи ҳавопаймо ҷамъ омадаанд. Халабони ҳавопайморо майор Роман Филипов ном бурдаанд.

XS
SM
MD
LG