Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аслиҳаи даврони шӯравиро ба фурӯш мегузорад


Тонкҳои Қазоқистон дар маросими таҷлили Рӯзи "Ҳомии Ватан"
Тонкҳои Қазоқистон дар маросими таҷлили Рӯзи "Ҳомии Ватан"

Қазоқистон тасмим дорад, аслиҳаи низомии даврони шӯравиро таъмир кунад ва ба фурӯш гузорад. Дар ин бора вазири мудофиа ва саноати ҳавоии Қазоқистон Бейбут Атамқулов рӯзи 1 феврал дар порлумони ин кишвар гузориш дод.

Ба гуфтаи вазир, дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам аслиҳаи қадимии даврони шӯравӣ дар анборҳои қисмҳои низомӣ хоб аст. Вазир пешниҳод дорад, ки ин аслиҳа таъмир ва ба хориҷ фурӯхта шавад. Аммо он техникае, ки таъмирпазир нестанд, бояд ба оҳанпора супорида шаванд, то дар кишвар фурӯши пинҳонии силоҳ ба вуҷуд наояд.

Вазир ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ҷузъиёти фурӯши аслиҳаи қадимӣ шарҳ дода шавад.

XS
SM
MD
LG