Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Амрико аз минтақаи Манбиҷи Сурия берун намеравад


Ҷозеф Вотел - Фармондеҳи ситоди Марказии нерӯҳои ИМА
Ҷозеф Вотел - Фармондеҳи ситоди Марказии нерӯҳои ИМА

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нерӯҳояшро аз минтақаи Манбиҷи Сурия хориҷ намекунад. Шабаки телевизионии CNN рӯзи 29-уми январ дар ин бора бо такя ба изҳороти Раиси ситоди Марказии нерӯҳои ИМА Ҷозеф Волтел гузориш дод.

27-уми январ Туркия аз Амрико даъват кард, нерӯҳояшро аз минтақаи Манбиҷи Сурия, ки таҳти назорати дастаҳои курд қарор дорад, хориҷ кунад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон борҳо таъкид кард, ки дар ҷараёни амалиёти "Шохаи зайтун"-и нерӯҳои Туркия бар зиди дастаҳои худдифои Курд дар шимоли Сурия, Манбиҷ бояд ишғол шавад.

Анкара амалиёти "Шохаи зайтун"-ро дар шимоли Сурия рӯзи 20-уми январ оғоз кард. Мақомоти Туркия дастаҳои худдифоъ ё милитсияи курдро ҳамдасти террористҳо мешуморад ва мехоҳад онҳоро аз мавқеи ишғолкардаашон берун кунад. Милитсияи курд якҷо бо эътилофи таҳти фармондеҳии ИМА бар зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мубориза мебарад.

Дар қаламрави таҳти назари милитсияи курд чандсад низомии ИМА мустақар аст. Вашингтон борҳо аз Анкара даъват кард, ки дар ин минтақа аз "худдорӣ" кор бигирад.

XS
SM
MD
LG