Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи 5 раҳбари Осиёи Марказӣ дар зери нигоҳҳои сарди Кремлин


Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон. Арабистони Саудӣ, рӯзи 21-уми майи 2017

"Панҷ кишваре, ки забони якдигарро намеёбанд". Чанде аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар гузоришу матлабҳои таҳлилии хеш панҷ кишвари Осиёи Миёнаро чунин тавсиф кардаанд.

Ба вуҷуд омадани ҳама гуна иттиҳод дар Осиёи Миёна бидуни ширкати Маскав Кремлинро асабонӣ хоҳад кард
Петр Бологов

Панҷ кишвари пасошӯравии Осиёи Миёна яке аз камтарин минтақаҳо дар ҷаҳон аст, ки камтарин робитаҳоро бо ҳам доранд. Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ дар як гузориши худ гуфта буд, ки камтарин мизони додугирифт дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна ба назар мерасад.

Даъвати наврӯзии Назарбоев

Аммо як ташаббуси ахири Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, бисёриҳоро ба шикаста шудани «ях» дар миёни кишварҳои минтақа умедвор кардааст. Назарбоев президентҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро барои як нишасти ғайрирасмӣ дар Наврӯзи имсол ба Остона даъват кард.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Ерлан Карин, сиёсатшиноси қазоқ ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Қазоқистон, мегӯяд, яке аз муҳимтарин равандҳои нав дар соли ҷорӣ густариш ёфтани муносибатҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ӯ рӯзи 30-юми январ гуфт, ташаббускори ин нишаст Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев ҳастанд. «Қарор аст, дар моҳи март нишасти сарони 5 кишвари Осиёи Миёна дар Қазоқистон доир шавад. Баъд аз соли 2005-ум ин якумин нишасти бевоситаи сарони кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ба ҷуз аз вохӯриҳои дуҷониба, дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва ё дар чаҳорчӯби роҳбарони кишварҳои узви ИДМ президентҳои кишварҳои минтақа ягон формати мулоқот надоштанд».

Шояд баҳонае барои нишасти доимӣ шавад?

Карин мегӯяд, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Осиёи Миёна ба эҳтимоли зиёд дар моҳи март сурат мегирад. «Шояд ин ҳамоиш боиси ба вуҷуд омадани як нишасти доимии сарони кишварҳои Осиёи Миёна шавад», - афзуд Карин.

Ерлан Карин
Ерлан Карин

Тӯли беш аз чаҳоряк асри пас аз суқути Шӯравӣ ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Миёна дар пайи тақвияти истиқлолияти худ талош мекарданд. Ҳамагуна ҳамоиш зарба ба истиқлолияти кишварҳо талаққӣ мешуд. Як зумра мушкилот, аз ҷумла масъалаи тақсими об, муайян кардани сарҳад ва истифодаи баробар аз роҳҳои оҳан ва автомобилгард муносиботи байни кившарҳоро тира нигоҳ медошт.

Тира шудани муносибатҳо боиси камранг шудани тиҷорат, боркашонӣ ва ҳатто муносибатҳои инсонӣ миёни сокинони кившарҳо шуд. Насли калонсол дар Тоҷикистон, ки овони боз будани сарҳадҳо ва озод будани равуо миёни кишварҳоро дар ёд доранд, аз он даврон бо ҳасрат ёд мекунанд.

"Ҳама ҷо баста. Шлагбаум, виза..."

Исо Ҳоҷиев, сокини бознишастаи Ҳисор, ки 35 соли умрашро ба ҳайси ронандаи мошини боркашон сипарӣ кардааст, мегӯяд, 25 соли марзбандӣ дар Осиёи Миёна нишон дод, ки ба истилоҳ дарбандӣ барои мардумони минтақа танҳо мушкили меораду беҳбудӣ – не. “Ман сари чанбари “Камаз” дар Осиёи Миёна ҷое набуд, ки нарафта бошам. Ҳама ҷо боз буд. Аз ин ҷо бор мебурдем ва дар ивазаш колои дигар меовардем. Додугирифт буд. Ҳоло ҳама ҷо маҳкам, шлагбаум, виза. То замоне ки роҳбарони мо сарҳадҳоро ба мисли Аврупо миёни якдигар боз накунанд, тараққӣ кардани давлатҳои мо мушкил мешавад”, - иброз дошт Ҳоҷиев.

Петр Бологов, коршиноси Маркази таҳлилии Карнеги дар Маскав, мегӯяд, ҳамингуна вазъият ва муносибатҳои тираи миёни кишварҳо Маскавро, ки Осиёи Миёна минтақаи зери нуфузаш дониста мешавад, қонеъ мекунад. Чун, ба гуфтаи ӯ, дар шароити ҷой доштани “тафриқа” ҳукумат кардани Кремлин дар ин кишварҳо осонтар хоҳад буд. Бологов мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико хоҳони баҳамоии кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, чун дар ҳолати ба вуҷуд омадани иттиҳод тобеияти кишварҳои минтақа аз Маскав камтар хоҳад шуд.

"Маскав асабонӣ хоҳад шуд"

“Бинобар ин, ба вуҷуд омадани ҳама гуна иттиҳод дар Осиёи Миёна бидуни ширкати Маскав Кремлинро асабонӣ хоҳад кард”, - мегӯяд Бологов.

Умед барои густариши ҳамоиш дар миёни кишварҳои минтақа бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дубора бедор шуд. Ислом Каримов, президенти қаблии Узбекистон аз ширкат дар камтарин иттиҳоди минтақавӣ худдорӣ мекард. Маҳз ҷудоии Тошканд аз ҳама гуна иттиҳодҳо боиси ба нестӣ рафтани созмони Минтақаи ягонаи иқтисодӣ дар Осиёи Миёна гашт, ки соли 1994 миёни Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ташкил шуда буд ва Тоҷикистон соли 1998 ба он пайваст.

Чӣ кишварҳои Осиёи Масказиро мутеи Русия мекунад?

Петр Бологов мегӯяд, бо вуҷуди онки Мирзиёев танишҳои минтақавиро сари масоили обу нақлиёт коҳиш дод ва бо ҳама кишварҳои ҳамсоя муносиботи некро ба роҳ монданист, кишварҳои минтақа ҳанӯз аз нигоҳи иқтисодӣ ва амниятӣ худкифо нестанд. “Ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон, кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро, ки бо ин кишвар марзи тӯлоние дорад, дар масъалаи амниятӣ ҳанӯз мутеи Маскав нигоҳ медорад”, - мегӯяд Бологов.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз маълум нест, Наврӯзии Назарбоев ба чаҳор ҳамтои дигараш чӣ ҳосил ба бор меорад, аммо Тоҷикистон аз ҳама гуна талошҳои муттаҳидӣ дар Осиёи Миёна ҷонибдорӣ кардааст. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳини муаррифӣ кардани барномаи нави сиёсати хориҷии кишвар, ки рамзан ба санаи ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ дар чанд соли қабл рост омад, гуфта буд, рушди муносибатҳо ба ҳамсоякишварҳои минтақа аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG