Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое бо рукуди шадиди озодиҳои сиёсӣ


Тоҷикистон дар феҳрасти 29 кишваре ҷой гирифт, ки дар давоми даҳ соли ахир бо рукуди шадиди озодиҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.

Дар феҳрасти вижаи созмони байналмилалии Freedom House Хонаи Озодӣ Тоҷикистон дар мақоми 13-ум ҷой гирифт. Масъулони созмон мегӯянд, ки дар давоми 10 соли ахир Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои "қисман озод" ба кишварҳои "ноозод" ворид шуд ва аз назари нишондодҳои озодиаш 17 зина поин фаромад.

Тоҷикистон - баъди Озарбойҷон

Вазъи озодиҳо дар ҷомеаҳои ҳар кишвар аз назари фаъолияти матбуоти мустақил, кори созмонҳои маданӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва меъёрҳои дигар баҳогузорӣ шудааст

Дар ин феҳраст Тоҷикистон баъди Озарбойҷон (-19) қарор гирифта, яке аз чаҳор ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки ҳамроҳ бо Украина, Русия ва Озарбойҷон дар ин феҳраст ёд мешавад.

Созмони Хонаи озодӣ мегӯяд, таҳқиқоти онҳо дар робита бо Тоҷикистон пастравии бештари нишондодҳои озодиро дар соли 2017 ба намоиш гузошт. Сара Репуччӣ, як муҳаққиқи созмони Хонаи озодӣ рӯзи 16 январ аз Вашингтон ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо дидем, ки баъди тағйирот дар конститсияи Тоҷикистон, дар нишондодҳои Тоҷикистон як пастравӣ ба мушоҳида расид. Барои фаъолияти мухолифон ва мунаққидони давлат як соли охир хеле тағйироти ҷиддӣ ворид кард”.

Вале дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, арзёбиҳои созмони байналмилалӣ воқеъбинона нест. Абдулло Раҳмонзода, як узви аршади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои “ноозод” дохил кардани Тоҷикистонро қабул надорад. Раҳмонзода гуфт, ба ин баҳогузорӣ розӣ нест, талошҳо дар роҳи таъмини амниятро набояд ба маҳдуд кардани демократия рабт дод.

Ба қавли ҷаноби Раҳмонзода, “агар баъзе маҳдудиятҳо ҳам ҷорӣ шуда бошад он ба хотири таъмини амнияти мардум аст. Вақте сухан аз таъмини амният меравад хоҳ-нохоҳ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон дар Конситутсия ҳам дарҷ шудааст, ки маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо ба хотири таъмини амнияти давлат раво аст.”

Абдулло Раҳмонзода ҳамчунин афзуд, агар ягон маҳдудият дар ҳуқуқи шаҳрвандон ё дар гуруҳе ба вуҷуд омада бошад, инро на ҳамчун рукуди демократия, балки ҳамчун таъмини ҳуқуқҳое, ки афзалият дорад, пеш аз ҳама таъмини амнияти шаҳрванд рабт додан даркор аст.

Гузориши нави созмони Хонаи Озодӣ, ки рӯзи 16-уми январ чоп шуд, мегӯяд, коҳиши "фоҷиабори" озодиҳои сиёсӣ соли 2017 дар тамоми манотиқи ҷаҳон мушоҳида шуд. Созмони мазкур вазъи озодиҳоро дар ҷомеаҳои ҳар кишвар аз назари фаъолияти матбуоти мустақил, кори созмонҳои маданиву шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар меъёрҳо баҳогузорӣ мекунад.

"Амрико аз нақши пешбарандаи ормонҳои демократӣ даст кашид"

Соли 2018 гузориши Хонаи Озодӣ ба таври вижа вазъи озодиҳои сиёсиро дар Амрико мавриди танқид қарор додааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, демократия дар саросари ҷаҳон мавриди хатар ва таҳдид аст. ИМА, ба навиштаи муаллифони гузориш, аз нақши суннатии пешбарандаи идеалҳои демократӣ даст кашида, Русия ва Чин фишорро дар кишварҳои худ афзоиш медиҳанд ва нуфузи харобкоронаи худро дар хориҷ густариш медиҳанд.

Созмони Хонаи Озодӣ, ки дар Вашингтон ҷойгир аст, дар гузориши бо номи “Озодӣ дар ҷаҳон - 2018” менависад, дар саросари сайёра "озодиҳои сиёсиву маданӣ хароб мешавад". Майкл Абрамович, президенти Хонаи Озодӣ дар гузориш навиштааст, "дар муқоиса бо даҳсолаҳои ахир, ҳоло демократия бо бӯҳрони ҷиддитарин рӯбарӯ шудааст. Ин арзёбӣ марбут ба интихоботи озоду одилона, ҳуқуқи ақаллиятҳо, озодии матбуот ва ҳукумати қонун мебошад".

Вай мегӯяд, соли 2017 "ақибнишинии ИМА аз иҷрои нақши пешбарандаи ормонҳои демократӣ таҳаввулоти азим шуд".

Гузориш мегӯяд, агар дар давоми ҳафт соли пеш аз ин дар ҳуқуқи сиёсиву озодиҳои мадании ҷомеаи Амрико як пастравӣ мушоҳида мешуд, соли 2017 вазъ фавқулода бадтар шуд. Шаҳодати дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016, нақзи меъёри аслии ахлоқӣ аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп ва коҳиши шаффофияти ҳукумат аз ин рукуд далолат мекунад.

Режимҳои “худкомаи” Русия ва Чин

Майкл Абрамович
Майкл Абрамович

Гузориш ҳокист, ки дар баробари ҳамлаҳои ғайримунтазираи президент Доналд Трамп матбуот ва низоми додгустарӣ хомӯш буд. Чунин вазъ метавонад ба "сиҳҳатии демократия дар Амрико ва ҳам мақоми ин кишвар дар ҷаҳон таъсири манфӣ гузорад”.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Хонаи Озодӣ, режимҳои “худкомаи” Русия ва Чин бо истифода аз фурсат ва ақибнишинии демократияҳои пешбаранда, талош доранд берун аз марзҳои худ амал кунанд, дигарандешонро шикор ва кори сохторҳои пойбанд ба қонунро ба чолиш кашонанд.

Абрамович навиштааст, маъмурияти Трамп аз суннатҳои сиёсии 70 соли ахир якбора фосила гирифта, дар сиёсати хориҷӣ демократияро сарфи назар кардааст. Даст кашидани Трамп аз ӯҳаддориҳои Амрико дар заминаи пуштибонӣ аз таҳаввулоти демократӣ боис ба он шудаст, ки режимҳои худкома қудратмандтар шуда ба дигарон хатар эҷод мекунанд.

Владимир Путин
Владимир Путин

Гузориш ҳокист, ки президенти Русия Владимир Путин дар ин фурсат тавонист бо истифода аз василаҳои хоси режимҳои худкома аз роҳи маъракаҳои таблиғоти сиёсӣ ба интихоботи кишварҳои аврупоӣ мудохила карда, дар паҳн шудани бегонаситезӣ ва таҳдид ба ҳамсояҳо нақш доштааст. Хнаи озодӣ мегӯяд, ки Русия барои режимҳои диктотурии Ховари Миёна ёрии иловагии низомӣ бидиҳад.

“Ҳадафи марказии ин ҳама талошҳо ба ҳам задани давлатҳои демократӣ ва таҷзияи сохторҳои пайвандкунандаи онҳо мебошад”, -навиштааст Майкл Абрамович дар гузориши солонаи Хонаи озодӣ.

Узбакистони баъди Ислом Каримов

Соли 2017 вазъи озодиҳо дар бархе кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ каме тағйир ёфт. Бино ба арзёбиҳои Хонаи Озодӣ, Туркманистон ва Узбакистон аз феҳрасти 12 кишвари “бадтарини бадтаринҳо” берун шуда, дар қатори Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои “ноозод” қарор гирифтанд.

Ҳукумати Узбакистон як умедвории мӯҳтотонае медиҳад, ки баъди раҳбарии тӯлонии президенти худкома Ислом Каримов ба бекор шудани кори маҷбурӣ дар саҳро иқдом кард ва як муҳити нав, ҳарчанд маҳдуди сиёсиро барои ҷомеаи маданӣ эҷод кард. Гузориш мегӯяд, ки вазъ дар Узбакистон бояд мавриди таваҷҷӯҳ ва арзёбии пайваста қарор дошта бошад, то ки садои матбуоти мустақил баланд ва кори ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам чашмрас шавад.

XS
SM
MD
LG