Пайвандҳои дастрасӣ

Шавкат Мирзиёев: Як ҷомеаи демократӣ ва боадолат бунёд мекунам


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар нахустин суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ шоми 19 сентябр дар Ню-Йорк ваъда дод, ки барои мардуми кишвараш шукуфоиву беҳбудӣ оварда мурооти ҳуқуқи башарро таъмин мекунад.

Вай гуфт, ки ҳадаф дорад шароити зисту зиндагии мардуми Узбакистонро беҳтар кунад. Ҳамчун намунаи шурӯи ислоҳот ӯ аз озод шудани пули миллӣ дар бозор, коҳиши молиёт барои тиҷорат,

Афроде, ки барои фаъолиятҳои экстремистӣ маҳкум шудаанд, бояд бо давраҳои барқарории иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд, то ки тавонанд ба ҳаёти оддӣ баргарданд.

пешниҳоди қарзҳо ва эҷоди манотиқи озоди тиҷоратӣ намуна овард. Вай гуфт, аз принсипи як ҳақиқати содда пеш хоҳад рафт: “Ҳар қадар мардум сарватманд бошад, ҳамон қадар давлат ҳам пурқудрат мегардад”. Мирзиёв гуфт, ки ҳукумати кишвараш дар самти эҷоди “Осиёи Марказии сулҳомезу шукуфо” кор хоҳад кард, то ки ин минтақа ба як макони “босубот, қобили рушди тадриҷӣ ва ҳам ҳамсоядории хуб” табдил шавад.

"Узбакистон бояд кишвари шукуфо бошад"

Вай аз созиши марзии моҳи сентябр миёни Узбакистон ва Қирғизистон имзошуда ба унвони як ҳодисаи муҳим ёд кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои азимтар дар минтақа мусоидат мекунад. Вай гуфт, “дар як фурсати кӯтоҳ дар минтақа як фазои сиёсии комилан нав эҷод шудааст”.

Дар давоми чорякасри ҳукмронии президент Ислом Каримов дар Узбакистон, ин кишвар дар чашми ҳамсояҳояш дар минтақа ба унвони як давлати мушкилзо дар масоили марзҳо, ихтилофҳои қавмӣ ва монеи ҳалли мусолиматомези масоили марбут ба тақсими об ва энержӣ муаррифӣ шуд. Мирзиёев гуфт, қадами дигар дар таъмини амнияти бештар дар минтақа пуштибонии ҷараёни сулҳ дар Афғонистон аст.

Ислом Каримов бо саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва маҳдуд кардани иқтисод ҳукумат кардааст
Ислом Каримов бо саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва маҳдуд кардани иқтисод ҳукумат кардааст

Вай гуфт, ки Узбакистон ба идомаи кӯмак дар таҷдиди иқтисодии зербиноҳои нақлиётӣ ва энержии Афғонистон омода аст. Ба қавли ӯ, масъалаи Афғонистон бояд дар маркази таваҷҷӯҳи башарият қарор дошта бошад.

Дар масоили ҳуқуқи башар, ки Узбакистон ҳамоно мавриди интиқод аст, Мирзиёев иддао кард, ки дар давоми чанд моҳи аввали кораш ба пешрафтҳои зиёд даст ёфтааст.

Мақомот бояд дар хизмати мардум бошанд

Вай гуфт, ки ҳадаф дорад як ҷомеаи демократӣ ва боадолат бунёд кунад, ки мурооти ҳуқуқи башар дар авлавияти кор қарор дошта бошад. Мирзиёев мутмаин аст, ки “на мардум, балки сохторҳои давлатӣ бояд дар хизмати шаҳрвандон бошанд”.

Вай гуфт, яке аз иқдомҳо бекор шудани виза ё раводиди сафар барои шаҳрвандони Узбакистон аст, ки бояд ҳақи ҳаракат ва сафарҳои озод дошта бошанд.

Ҷилавгирӣ аз терроризм бо роҳи зӯр натиҷа надод

Мирзиёев инчунин иддао кард, ки дар самти ҷилавгирӣ аз кори кӯдак ба пешрафтҳо даст ёфта, инчунин мехоҳад низоми маҳбасҳоро ислоҳ кунад. Президенти Узбакистон гуфт, бар пояи принсипи инсондӯстӣ, бисёр парвандаҳои боздоштшудаҳо бозбинӣ мешаванд. Вай гуфт, афроде, ки барои фаъолиятҳои экстремистӣ маҳкум шудаанд, бояд бо давраҳои барқарории иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд, то ки тавонанд ба ҳаёти оддӣ баргарданд. Вай гуфт, бовар дорад, ки талошҳои барқарориву бозомӯзии ин афрод метавонад роҳи муҳими мубориза бо терроризм шавад.

Дар аҳди Каримов садҳо нафар бо ҷурмҳои сиёсӣ пушти панҷара рафтанд
Дар аҳди Каримов садҳо нафар бо ҷурмҳои сиёсӣ пушти панҷара рафтанд

Мирзиёев гуфт, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо нирӯ ва истифодаи зӯр ба ҳадаф расидан имкон надорад. “Дар баробари омилҳои дигар, ба бовари ман, ҷаҳолат ва набуди таҳаммул дар қалби терроризму экстремизми байналмилалӣ қарор дорад”.

Бахусус, раҳбарони ҷаҳон бояд дар самти маърифатнокӣ ва пешкаши имкониятҳои бештар барои ҷавонҳои то 30-сола, ки бештар аз дигарҳо майл ба тероризм доранд, тамаркуз кунанд, гуфт президенти Узбакистон. Вай гуфт, дар зеҳни ҷавонҳо бояд мафҳуми инсонии дини Ислом талқин шавад.

Аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон моҳи декабри имсол як сол пур мешавад. Нахуствазири собиқ баъди даргузашти Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 аввал ба ҳайси раҳбари муваққати кишвар ва баъдан ба ҳайси барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи декабр мақоми президентиро ишғол кард.

Рӯзи 19 сентябр дар Маҷмаи кулли СММ инчунин президентони ИМА ва Тоҷикистон - Доналд Трамп ва Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG