Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Президент Раҳмон ба Ню-Йорк рафт

Соли 2015, Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк
Соли 2015, Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк пойтахти Туркманистонро тарк кард. Дар Ашқобод президент дар маросими кушоиши бозиҳои панҷуми осиёӣ иштирок кард.

Дар бахши суханрониҳои раҳбарони кишварҳо, ки рӯзи 18 сентябр шурӯъ шуда, то 25 сентябр идома мекунад, қарор аст президенти Тоҷикистон ҳам баромад кунад. Ин суханронӣ рӯзи 19 сентябр дар назар аст. Дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ба навиштаи вебсайти президент, вазири умури хориҷӣ, ёвари президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомот ҳузур доранд.

Рӯзи 19 сентябр дар Маҷмаи кулли СММ қарор аст инчунин президенти ИМА Доналд Трамп ва мақомоти Фаронса, Исроил, Ҷумҳурии Чех ва дигарҳо суханронӣ кунанд. Русияро дар ин ҷаласа имсол вазири хориҷа Сергей Лавров муаррифӣ мекунад, Владимир Путин аз сафар ба Ню-Йорк даст кашид.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Собиқ ҳамлагари мунтахаби Инглистон баъди узрхоҳӣ дар робита бо яҳудиситезӣ Би-би-сиро тарк мекунад

 Гари Линекер
Гари Линекер

Собиқ ҳамлагари мунтахаби футболи Инглистон Гари Линекер баъди узрхоҳиаш аз як иттиҳоми вобаста ба яҳудиситезӣ корашро дар шабакаи садову симои Би-би-си тарк мекунад. Ӯ аз соли 1999 барномаи пуртарафдореро дар бораи футбол барандагӣ мекард ва қарор буд соли 2026 ҳам дар пахши зинда ба ҳайси шореҳи Ҷоми ҷаҳонӣ кор кунад.

Линекер дар саҳифааш дар Инстаграм як навори видеоиеро бо суханронии ҳуқуқшиноси фаластиниасли канадаӣ Диана Будду бознашр кард, ки он ҷо ӯ амалҳои Исроилро танқид мекунад. Дар ин навори видеоӣ ишораи калламуше ҳам дида мешавад, ки одатан дар шарҳҳои зиддияҳудӣ ба кор меравад. Ба ин чиз созмони «Маъракаи зидди яҳудиситезӣ» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Намояндаи Линекер гуфт, ки барандаи телевизион ин ишораро надидааст. Худи журналист гуфт, ки барои мазмуни ин навор маъзарат мехоҳад, чун огоҳона ҳеҷ гоҳ маводи зиддияҳудӣ нашр намекунад. Дар ин бора бахши русии Би-би-си хабар додааст. Ин навори видеоиро аз Инстаграм пок карданд. Вале бо ин вуҷуд, раҳбарияти ширкати садову симои Бритониё ба ин хулоса омад, ки рафтори Линекер ба обрӯи ширкат зарба мезанад.

Линекер давоми ҳафт сол баландтарин маошро дарёфт мекард. Соли 2024 даромади ӯ 1,8 миллион долларро ташкил дод. Тим Дейв, раҳбари кулли ширкати Би-би-си бо нашри изҳороте аз Линекер барои саҳмаш дар журналистикаи варзишӣ изҳори сипос кард. Қарор аст охири ҳафтаи ҷорӣ охирин рӯзи кории ӯ дар Би-би-си мешавад.

Линекер барои "Лестер", "Тоттенҳем", "Эвертон" ва "Барселона" бозӣ карда дар 446 мусобиқа иштирок ва 243 гол задааст.

Раиси ноҳияро барои матлаби духтараш дар TikTok аз мақом гирифтанд

Георгий Филимонов, раиси вилояти Волгоград
Георгий Филимонов, раиси вилояти Волгоград

Дар Русия раиси як ноҳияро барои таҳдиди духтараш ба як ҷавонписаре бо мазуни ин ки ӯро ба ҷанги Украина мефиристанд, аз мақомаш барканор карда шуд. Георгий Филимонов, раиси вилояти Волгоград гуфт, ки бо як қарораш ба ҷои Юлия Шевтсова ба мақоми раиси ноҳия Нюксен як собиқадори ҷанги зидди Украинаро таъин хоҳад кард.

Духтари Юлия Шевтсова дар TikTok як матлабе нашр кард ва ба ҷавоне, ки хост бо ӯ шинос шавад, гуфт: “Ҳой, бача, раҳгум задӣ? Модари ман кист, медонӣ? Шаҳрдор! (Мо туро ба амалиёти вижа мефиристем)”.

Филимонов гуфт, ки ин ҳарфҳоро духтар дар посух ба ҷавоне нашр кард, ки зоҳиран батакрор ба ӯ пешниҳоди шиносоӣ мекард. Ин навор дар миёни корбарон сарусадои зиёд кард, Шевтсова барои ин кори духтараш узр пурсид ва гуфт, ки “кӯдакон хато мекунанд”.

Бо вуҷуди ин, Филимонов қарор кард, ки барои чунин рафтори ба гуфтааш хилоф бо меъёрҳои ахлоқӣ ва “идеологияи кори тими ҳукумат дар Волгоград” Шевтсоваро аз вазифа барканор мекунад. Юлия Шевтсова октябри соли 2024 ба мақоми раиси ноҳия таъин шуда буд.

Трамп гуфт, бо Путин имкони мулоқоти рӯбарӯро баррасӣ кардааст

Президентони ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин дар сӯҳбати телефонии рӯзи 19 май имкони ташкили мулоқоти ҳузуриро баррасӣ карданд.

Дар ин бор Кохи Сафед хабар додааст. Трамп ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар сӯҳбаташ бо Путин имкони дидори рӯбарӯро баррасӣ кардааст ё на, гуфт, «албатта, ман бо ӯ дар ин бора сӯҳбат кардам».

Аз ин пеш ёвари Путин Юрий Ушаков дар сӯҳбат бо «Ведомости» гуфт, ки ҳарду ҷониб дар баргузор шудани чунин мулоқот ҳавасманд ҳастанд.

Трамп бори дигар гуфт, ки ба бовари ӯ, Путин хоҳишманди хатми ҷанг мебошад. Қаблан Трамп гуфта буд, ки мулоқоти шахсии ӯ бо Путин метавонад дар музокира бо Украина ҳалкунанда шавад ва ҳар вақте, ки Вашингтон ва Маскав онро ташкил карда тавонистанд, барпо мешавад.

Кремл гуфтааст, ки ташкили чунин мулоқот омодагии бештар мехоҳад. Мулоқоти охирини президентони ИМА ва Русия соли 2021 баргузор шудааст.


Муовини пешини вазири фарҳанги Қазоқистон ба се соли зиндон маҳкум шуд

Собиқ вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Ерлан Кожагапанов. Акс: primeminister.kz
Собиқ вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Ерлан Кожагапанов. Акс: primeminister.kz

Дар Қазоқистон собиқ муовини вазири фарҳангу варзиш Ерлан Кожагапанов барои дуздии як миллиард танга маблағ (муодили наздики 2 миллион доллар) ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Остона дар қарораш гуфт, ки мақомдори пешин аз вазифаи давлатиаш сӯиистифода карда, як миллиард танга пулро азхуд кардааст.

Ба Ерлан Кожагапанов тамоми умр ишғоли вазифаҳои давлатӣ, кор ба ҳайси додрас ваё дар сохторҳои Бонки миллии Қазоқистон манъ карда шудааст. Айбдоршавандаи дигар аз рӯи ин парванда - раҳбари ширкати Success К - Лаззат Кӯкқозоваро аз рӯи моддаи “қаллобӣ” ба панҷ соли ҳабс маҳкум карданд.

Радиои Азаттиқ – Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд, ки собиқ муовини вазир ба ҳафт ва Кӯкқозова ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шаванд, вале додрас ҳолатҳои сабуккунандаро ба эътибор гирифта ҳукмро нармтар кардааст.

Ин ду нафарро барои роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми ташкили Ҳамоиши 15-уми ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон дар соли 2018 муҳокима карданд. Он замон Кожагапанов муовини вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон буд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми зидди ӯ “сохтакорӣ” шуда, айбдоркунандаи давлатиро дар “кори ғайрикасбӣ” гунаҳгор кард.

Сафорати Тоҷикистон номи муҳоҷирони фавтида дар садамаи Қазоқистонро нашр кард

Акс аз навори видеоие гирифта шудааст, ки корбарони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса фиристоданд
Акс аз навори видеоие гирифта шудааст, ки корбарони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса фиристоданд

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Қустанай тасдиқ намуд. Ин ҳодиса субҳи 20 май дар натиҷаи бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург рух дод ва дар ин ҳодиса шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ нафар ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар посухи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Остона тавассути почтаи электронӣ рӯзи 20 май гуфта мешавад, ки кормандони сафорат «оиди ин ҳодиса бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Қустанай дар тамос буда, барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ё ҳалли дигар масъалаҳои ҷорӣ омодагии худро изҳор намудааст. Сафорат ин фоҷиаи мудҳишро зери назорати худ гирифта, бо дастрас шудани маълумоти иловагӣ иттилоъ хоҳад дод».

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯйхати шахсони фавтидаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Инҳо:

  • Аҳтам Каримови 36-сола;
  • Назрулло Боқиеви 24-сола;
  • Бахтигул Боқиеваи 40-сола;
  • Юсуф Солиҳови 67-сола;
  • Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола;
  • Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола.


Аз ин пеш дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "аз ҷониби сафир, ҷиҳати дарёфти маълумоти иловагӣ кормандони масъул муваззаф шудаанд". Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.

Дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирони фавтида сокинони деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ мебошанд.

Хабари дар садама кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро нахуст манбаъҳои ба Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса ва баъдан полиси Қазоқистон ҳам тасдиқ намуданд. Аз ҷумла, нисфирӯзии сешанбе навбатдори раёсати полиси вилояти Қустанай ба хабаргузории "Интерфакс-Қазоқистон" тасдиқ кард, ки ҳама шахсони ҷондода шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Ҳодиса субҳи сешанбе дар ҳудуди вилояти Қустанай дар наздикии марз бо Русия рух додааст. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, ронандаи мошини "Форд Транзит", ки дар дохилаш даҳ шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд, ба мошини боркаши DAF бархӯрд. Панҷ нафари зиндамонда ба бемористони марказии ноҳияи Қарабалик интиқол ёфтанд.

Дар идораи пулиси вилояти Қустанай ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди 4-уми моддаи 345-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, яъне "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги зиёда аз ду нафар шудааст", парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, навореро аз маҳалли фоҷеа корбарон дар ихтиёри Радиои Озодӣ вогузор карданд. Мусоҳибон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамаи мусофирони мошин сокинони ноҳияи Қубодиён буданд, ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.

Қазоқистон кишвари ҳамсояи Русия мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд, аз ҷумла, ба хотири сарфаи маблағи сафар бо роҳҳои ҳавоӣ, аз роҳҳои нақлиётӣ истифода мебаранд.

Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.

Трамп ва Путин дар бораи Украина ва оташбас гап задаанд

Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Роҳбарони Амрико ва Русия рӯзи 19-уми май дар гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои қатъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд. Суҳбати Доналд Трамп ва Владимир Путин зиёда аз ду соат давом кардааст.

Путин гуфтугӯ бо Трампро "созанда" ва "муассир" хонд. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, мисли гузашта барои Маскав муҳим "аз байн бурдани омилҳои буҳрон аст." Ба гуфтаи Путин, Русия "омодаи ҳамкорӣ" бар сари таҳияи ёддошти сулҳ бо Украина аст.

Доналд Трамп дар шарҳи суҳбаташ бо Путин гуфт, Русия ва Украина “фавран” ба гуфтугӯҳо дар бораи оташбас ва қатъи ҷанг оғоз мекунанд. Аммо Трамп санаи мушаххасро ба забон наовард.

Трамп ҳамчунин гуфт, Русия мехоҳад бо ИМА тиҷорати васеъ дошта бошад ва ӯ ҳам бо ин розӣ аст. Доналд Трамп ҳамчунин навиштааст, ҷузъиёти суҳбаташро бо раиси ҷумҳури Украина ва дигар роҳбарони Аврупо дар миён гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳо гузориш доданд, ки президенти Украина аз Доналд Трамп хостааст, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад, агар ин кишвар дар фурсатҳои наздик ба оташбас тан надиҳад. Зеленский дар суҳбат бо Трамп, бори дигар ба ҷорӣ шудани оташбас таъкид кардааст.

"Шаш рӯз боз дар роҳ ҳастем." Дармондани як гуруҳ муҳоҷирони тоҷик

Акс аз навори фиристодаи муҳоҷирон гирифта шудааст
Акс аз навори фиристодаи муҳоҷирон гирифта шудааст

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик, ки аз Хуҷанд ба Красноярск мерафтанд, дар роҳ дармондаанд. Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, баъди даромадан ба Русия чархи мошинашон шикаста, касе дигар суроғашон намекунад. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки шаш рӯз боз дар роҳ ҳастанд.

“На ягон автобус мефиристанд, ки омада моро барад, на автобусро дуруст мекунанд. Шаш рӯз шуд фақат обу нон мехӯрем, ягон хӯроки гарм нест,”-мегӯянд муҳоҷирон дар навори фиристодаашон.

Муҳоҷирон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, мегӯянд, онҳоро Муқаддас ва Аюб ном шахсон ба Русия фиристоданд. Талошҳои мо барои пайдо кардани ин нафарон бенатиҷа буд. Дар сурати муроҷиат кардан, назари онҳо ба матн илова карда мешавад.

Ҳамасола садҳо муҳоҷири тоҷик бо сабаби гарон будани билети ҳавопаймо, аз тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд. Сафар бо мошин ва автобус осон нест, вале муҳоҷирон мегӯянд, маҷбуранд ин азобро тоқат кунанд.

Дар гузашта ҳам муҳоҷирони тоҷик, ки аз тариқи автобус ба Русия мерафтанд, аз сарсонӣ дар роҳҳо шикоят кардаанд.

Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст

Акс аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд
Акс аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд

Рӯзи 19-уми май дар як бинои марбут ба Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори ин сӯхтор ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфт.

Хадамоти оташнишонии кишвар дар як иттилоия навишт, ҳодиса шомгоҳи 19-уми май дар як сехи барқтаъминкунии Вазорати мудофиа рух додааст.

Ба навиштаи Хадамот, сабаби сӯхтор “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” мебошад. Мақомот мегӯянд, оташ 50 метри мураббаъро фаро гирифт ва саривақт онро хомӯш карданд.

Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин ниҳод нагуфтааст, дар пайи сӯхтор ба Вазорати дифоъ чӣ қадар зарар расид.

Як мошини боркаш ба дарёи Панҷ афтидааст

Дарёи Панҷ. Акс аз бойгонӣ
Дарёи Панҷ. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 17-уми май як мошини боркаш дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ саросез шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар мегӯяд, як сокини пойтахт ронандаи ин мошин буд.

"Дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст. Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан намешавад чизе гуфт. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Мақомот мегӯянд, талошҳо барои пайдо кардани ронанда ва мошин то ин дам бенатиҷа будааст. Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома медиҳанд.

Ҳамарӯза бар асари садамаҳои нақлиётӣ чандин кас дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Азҷумла ҳафтаи гузашта як мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз баландӣ саросез шуд. Дар ин ҳодиса як мураббии варзиш ҷон бохт.

Мӯҳлати ҳабси гумонбарони "Крокус" боз тамдид шуд

Ин гурӯҳи гумонбаронро баъди ҳамла дар навбати аввал боздошт карданд
Ин гурӯҳи гумонбаронро баъди ҳамла дар навбати аввал боздошт карданд

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 19 май бо як қароре мӯҳлати боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистони гумонбар дар ҳамлаи толори консертии “Крокус”-ро ба мӯҳлати чор моҳи дигар тамдид кард.

Дафтари матбуоти додгоҳ навишт, ки бо қарори додгоҳ Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба мӯҳлати 3 моҳу 28 рӯзи дигар дар боздоштгоҳ мемонанд.

Ин гумонбаронро тафтишоти Русия иҷрокунандаи ҳамла меномад. Вале пурсиш ба шеваи баргузории тафтишот шурӯъ аз замони боздошти бераҳмонаи ин нафарон хеле зиёд аст. Мақомот дар Тоҷикистон аз тарзи боздошти пурхушунат ва шиканҷаи онҳо баъди ҳодисаи ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли 2024 интиқод карда буд.

Поёни моҳи апрел мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. ТАСС он вақт хабар дод, ки дар навбати аввал парвандаи чаҳор барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Дар ҳамла ба "Крокус" он вақт 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид. Аксар гумонбарони боздоштшуда дар паи ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тарҳи қонуни нав дар бораи иҷозаи кор бо як патент дар ду минтақаи Русия

Думаи Давлатии Русия тарҳи ибтидоии қонунеро қабул кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, бо як патент дар ду минтақа кор кунанд. Тартиби нав ба Маскаву вилояти Маскав, инчунин Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дахл хоҳад дошт.

Ин санадро ҳукумати Русия моҳи март ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буд. Тибқи лоиҳаи қонун, муҳоҷироне, ки, масалан, дар ҳудуди Маскав патент гирифтаанд, метавонанд дар қаламрави вилояти Маскав ва онҳое, ки иҷозати корро дар Санкт Петербург ба даст овардаанд, ҳақ пайдо мекунанд дар вилояти Ленинград фаъолият намоянд.

Шарти ҳатмӣ доштани шартнома миёни раҳбарони ин минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор тариқи патент мебошад. Ҳанӯз маълум нест, ки тарҳи қонун дар ниҳоят қабул мешавд ё не.

Бар пояи маълумоти расмӣ, то 15 дарсади муҳоҷироне, ки барои гирифтани патент дар вилояти Маскав муроҷиат кардаанд, дар қайди муҳоҷиратӣ дар Маскав будаанд ва тақрибан 8 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои гирифтани патент дар Маскав муроҷиат кардаанд, дар вилояти Маскав сабти ном шудаанд.


Аз ин пештар вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки ҷазо барои ҷалби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба корро сахттар кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, аз ин пас агар корфармо ё ширкате муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор бигирад, аз 70 ҳазор рубл то ба як миллион рубл ҷарима мешавад.

Корфармоён вазифадоранд, ки патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иқомати муҳоҷирро тафтиш кунанд, дар акси ҳол ба ҷавобгарии маъмурӣ ҳам кашида мешаванд.

Bloomberg: Путин  бовар дорад чор минтақаи Украинаро пурра ишғол мекунад

Оҷонсии Bloomberg менависад, ки президенти Русия Владимир Путин бовар дорад, ки артишаш то охири соли ҷорӣ метавонад муқовимати укриниҳоро шикаста назорати пурраро дар минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Запорожйе ва Херсон ба даст оварад.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин маълумотро аз як манбае гирифтааст, ки бо «андешаҳои» Путин ошно мебошад. Оҷонсӣ навиштааст, ки дар сӯҳбати телефониаш бо президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе Путин ба талаби ӯ дар бораи гузаштҳои ҷиддӣ розӣ намешавад.

Трамп хостори хатми билофосилаи ҷанг аст, вале Путин ҳеҷ аломате нишон намедиҳад, ки хоҳишманди қатъи амалиёти ҷангӣ аст, навиштааст Bloomberg.

Яке аз мусоҳибони ин оҷонсӣ гуфтааст, раҳбарони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар сӯҳбати телефонӣ бо Трамп талош карданд ба ӯ фаҳмонанд, ки Путин ӯро махсус “гул мезанад”. Bloomberg менависад, ки дар ин мулоқот инчунин президенти Украина Владимир Зеленский ҳам иштирок намуд, вале ӯ «аз ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта бисёр хаста намудор буд». Трамп ваъда додааст, ки Зеленский ва дигар муттафиқони НАТО-ро дар бораи натиҷаҳои сӯҳбаташ бо Путин хабардор мекунад.

Соли 2022 Маскав, дар ҳоле, ки чор минтақаро пурра ишғол накарда буд, иддао намуд, ки онҳоро зери назорат даровардааст. Русия ошкор талаб дорад, ки ин минтақаҳоро марбут ба Русия эълон кунанд ва чанд матбуот ҳам гуфт, ки ин талабро дар гуфтугӯҳои Истанбул рӯзи 16 май ҳам намояндагон Русия такрор кардаанд. Украина мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз минтақаҳояшро гузашт намекунад.

Боздошти даҳҳо ноболиғ дар Доғистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Русия ходимони ҳифзи қонун дар давоми се рӯзи гузашта – аз 16 то 18-уми май 67 ноболиғро боздошт карданд. Сомонаи Кавказ.Реалии менависад, ки нисбати бист нафари онҳо барои авбошӣ ва 35 нафар аз падару модарҳо барои дуруст иҷро накардани масъулиятҳои падару модариашон протокол тартиб дода шудааст.

Наврасонро дар ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ айбдор мекунанд. Фарзия ин аст, ки ин нафарон аз натиҷаҳои як мусобиқа оид ба гӯштигирӣ норозӣ шуда таввассути шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро барои иштирок дар занозании гурӯҳӣ даъват намуданд.

Дар ин занозанӣ ноболиғони сокини шаҳрҳои Қизлар ва Махачқалъа иштирок карданд.

С.Муҳриддин: "Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст"

Акс аз соли 2023
Акс аз соли 2023

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳаввулот дар саҳнаи байналмилалӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, азҷумла дар робита бо вазъи мардум дар Ғазза ва Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар Ҳамоиши гуфтугӯи Теҳрон гуфтааст, "таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ "муколамаи созанда"-ро тақозо мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин беш ҷузъиёте надодааст.

Ҷанд хабаргузории эронӣ суханрониҳои дипломати аршади Тоҷикистонро хулоса кардаанд. Аз ҷумла, оҷонсии “Меҳр” дар нақли қавл аз Муҳриддин навишт:

“Мо имрӯз шоҳиди таҳаввулоти бесобиқа дар умури байналмилалӣ ҳастем. Равандҳои сареъ ва мушкилоти ҷиддӣ дар таъмини сулҳ ва субот дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки бо таҳқиқ ва гуфтумони созанда ва бо такя бар иродаи қавӣ ба ин масоили доғи рӯз таваҷҷӯҳи бештаре намояд. Албатта вазъи Ховари Миёна, аз ҷумла Фаластани ҳамвора аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст”.

Дар идома омадааст: “Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст. Фаластин ба макони мотамбор ва харобазор табдил шудааст. Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳро башиддат маҳкум ва ҳамаро ба кӯмаки башардӯстона даъват мекунад”. Ба навиштаи “Меҳр”, С.Муҳриддин дар идома гуфтааст, “мо хоҳони ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Байтулмуқаддас ҳастем,"-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома ба мавзӯи Афғонистон ҳам муроҷиат карда гуфтааст, “Афғонистон наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон аст. Мо мехоҳем дар ин кишвари бародар сулҳу субот барқарор шавад”.

Тоҷикистон бо ин ки ҳамкорҳои мушаххаси корие бо маъмурияти Толибонро ба роҳ мондааст, расман ҳукумати имрӯзаи Афғонистонро эътироф намекунад. Душанбе баъди соли 2021 ва баъди сари кор омадани Толибон пайваста таъкид кардааст, ки дар ин кишвар бояд ҳукумати иборат аз тамоми гурӯҳҳои сиёсиву гурӯҳҳои қавмӣ ташкил шавад.

Ҳамоиши гуфтугӯҳои Теҳрон, ки аз соли 2019 шурӯъ шудааст, табодули афкори сиёсиро миёни сиёматмадорону мақомоти ҳукуматҳо ва таҳлилгаронро дар бар мегирад.

Номзади аврупогаро дар интихоботи Руминия пирӯз шуд

Никушор Дан
Никушор Дан

Никушор Дан, шаҳрдори Бухарест дар даври дуюми интихоботи президентии Руминия пирӯз шуд. Овоздиҳӣ рӯзи 18-уми май баргузор шуд.

Ба гузориши бахши руминии Радиои Озодӣ, Дан 54 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба тарафдории рақиби ӯ сиёсатмадори ростгаро Ҷорҷ Симион 46 дарсади овоздиҳандаҳо раъй доданд.

Никушор Данро сиёсатмадори аврупогаро меноманд.

Ҷорҷ Симион шикасти худро дар интихобот қабул карда, рақибашро ба ғалаба табрик гуфтааст.

Даври аввали интихоботи президентӣ дар кишвари аврупоии Руминия 4-уми май баргузор шуда буд. Дар даври аввал Симион 40,5 ва Никушор Дан 21 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG