Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи тазоҳурот дар Русия. Муҳоҷирон чӣ кор бояд кунанд? Пахши зинда


Тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Санкт Петербург дар моҳи апрели соли 2017.
Тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Санкт Петербург дар моҳи апрели соли 2017.

Имрӯз мардуми норозӣ аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур Владимир Путин дар саросари Русия тазоҳурот доранд ва аз ҳамватанонаш мехоҳанд, ки дар интихоботи оянда ширкат наварзанд.

Тазоҳуротро Алексей Навалний, яке аз пешвоёни мухолифони давлат дар Русия даъват кардаааст. Мақомоти Русия гуфтаанд, агар касе зимни тазоҳурот қонунро риоят накунад, ба бархӯрди сахти маъмурони пулис дучор мешавад.

Алексей Навалний, аз фаъолони мубориза бо фасодкорӣ ва пешвои мухолифон, ки аз ҳаққи ширкат дар интихоботи рӯзи 18-уми март маҳрум шуд, аз тарафдоронаш хостааст, дар интихобот ширкат накунанд.

Комиссияи интихоботии Русия Навалнийро ба интихобот роҳ надод, чун ӯро бо гуноҳи тақаллуби молӣ ҷазо додаанд ва бар асоси қонун, онҳое, ки доғи ҷиноятӣ доранд, ҳаққи ширкат дар интихоботро надоранд. Худаш мегӯяд, ки парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ аст ва ҳукумат аз ӯ ба ҳамин васила ниқор гирифтааст.

Тазоҳуроти тарафдорони Навалний дар Красноярск
Тазоҳуроти тарафдорони Навалний дар Красноярск

Алексей Навалний интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи мартро имсолро “таъйини дигарбораи” раиси ҷумҳур Путин номидааст, ки аз соли 1999 то кунун, ё раиси ҷумҳур ва ё нахуствазири Русия будааст.

Бо назардошти тамаркузи қудрат дар дасти ҳукумат, саркӯби мухолифон ва канор задани рақибон, маълум аст, ки Владимир Путин дар интихобот барои 6 соли дигар раиси ҷумҳур интихоб мешавад.

Шореҳони сиёсӣ мегӯянд, Владимир Путини 65-сола муштоқи дидани ҳузури густурдаи мардум дар интихобот аст, зеро баъди ин корзори сиёсӣ, дигар ҳаққи раҳбарӣ ба Русияро надорад. Қонуни Асосии Русия иҷоза намедиҳад, як нафар пайиҳам се дафъа раиси ҷумҳур бошад.

Алексей Навалний, довталабони дигари курсии раиси ҷумҳури Русияро, ба ҳамдастӣ бо Путин муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мехоҳад, ба василаи онҳо, интихоботро рақобатӣ ва қонунӣ нишон бидиҳад.

Пахши зиндаи телевизиони Настояшее Времяро аз Маскав инҷо бубинед:

https://www.youtube.com/watch?v=rb5qpRGJfZo

Пахши зиндаи бахши русии Радиои Озодиро инҷо бубинед:

https://www.youtube.com/watch?v=LVjxI-DiN_w

Тазоҳурот баъд аз чанд рӯзи он сурат мегирад, ки додгоҳи Маскав як бунёди муҳим барои маъракаи интихоботии Алексей Навалнийро баст ва пулис идораҳои марбут ба онро тафтиш кард.

Рӯзи 26-уми январ Додгоҳи олии Русия гуфт, ки дархости Алексей Навалний барои роҳ ёфтан ба интихоботро рад кардааст. Пулиси Русия рӯзи 25-уми январ ба тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ огаҳии сахт дод, ки агар дар ҷараёни тазоҳурот ба қонуншиканӣ роҳ бидиҳанд, ба бархӯрди сахти маъмурони пулис рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар хона мондан, ишорае ба афроди сари қудрат аст, ки “мо омодаем, ҳамин вазъро 6 соли дигар таҳаммул кунем.

Алексей Навалний аз тазоҳургарон хостааст, ки дар як кӯчаи марказии шаҳри Маскав ҷамъ биёянд, ҳарчанд мақомоти расмӣ ба онҳо иҷозаи баргузории тазоҳурот дар ин ҷоро надодаанд.

Рӯзи 27-уми январ Алексей Навалний дар як блоге аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба тазоҳурот бароянд, зеро ба қавли ӯ ”дар хона мондан, ишорае ба афроди сари қудрат аст, ки “мо омодаем, ҳамин вазъро 6 соли дигар таҳаммул кунем”.

Ӯ ҳамчунин навишт, ки мақомот дар аксар ҳолат иҷоза додаанд, ки тазоҳурот сурат бигирад, аммо ташкили гирдиҳамоӣ дар ду маҳалли шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург мамнӯъ будааст.

Маъмурони пулис дар гузашта, тазоҳуроти ташкилкардаи Навалнийро борҳо саркӯб кардаанд. Рӯзи 26-уми марти соли 2017 ҳангоми тазоҳуроти саросарии тарафдорони Навалний дар Русия маъмурони пулис 1000 тазоҳургарро ҷазо дастгир карданд.

Дар рӯзҳои тазоҳурот дар Русия ҳомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон тавсия медиҳанд, ки дар ҷойҳои гирдиҳамоӣ пайдо нашаванд, зеро мумкин аст, мақомоти пулис онҳоро дастгир кунанд. Ҳамчунин ширкати хориҷиён дар тазоҳурот дар Русия мамнӯъ аст ва барои он ҷазо пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG