Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний: ТНТ аз ингушҳо узр пурсид, чаро аз тоҷикон намепурсад?


Алексей Навалний

Узрхоҳии ТНТ, масъули пахши барномаҳои “Камеди Клаб” ва “Наша Russia”, рӯзи 15-уми декабр аз ингушҳои муқими Русия дар ёди корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ ва бинандагони ин телевизион алами “Равшан ва Ҷамшуд”-ро дубора бедор кард. Ҳоло пурсиши аксар корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ ин аст, ки чаро ТНТ аз ингушҳо узр пурсид, аз тоҷикон не?

Иштибоҳи мо аз он ҷо сар зад, ки дар яке аз саҳнаҳо Миша (Михаил Галустян) калимаи “Таджикистонама”-ро ба кор бурд ва мо қайчӣ кардани ин калимаро ҳангоми таҳияи (монтаж)-и барнома фаромӯш кардем

Ду ҳафта пеш “Камеди клаб продакшн”, студияе, ки барои телевизиони ТНТ маҷаллаи “Наша Раша”-ро омода карда буд, пас аз як саҳнае, ки дар он нақши танфурӯши ингуш ҷой дошт, маҷбур шуд аз ингуштаборони Русия узр хоҳад. Пас аз намоиши ин саҳна гуруҳе аз ингуштаборон ба редаксияи ТНТ рафта, талаб кардаанд, ки ҳунармандони ин шабака бо нашри як ролики телевизионӣ узр пурсанд, чун дар ин саҳна таҳқири онҳо ҷой дошт.

Узрномаи ТНТ аз ингушҳо дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоии худи Русия низ ҳаёҳуеро ба по кардааст ва назарҳо дар ин робита хеле гуногун аст.

Алексей Навалний, раҳбари мухолифон дар Русия, рӯзи 16-уми декабр дар як изҳороти телевизионӣ ба ин мавзуъ дахл карда, гуфт, “узрхоҳии ТНТ як амали хеле манфур буд”. Ӯ гуфт, чаро ин телевизион аз тоҷикон низ барои нашри барномаи “Наша Russia”, ки дар он муҳоҷирон ба мавриди мазоҳу масхара қарор гирифтаанд, узр намепурсад?

Аз ин пеш, рӯзи 15-уми декабр Семен Слепаков, яке аз таҳиягарони маҷаллаи ҳаҷвии телевизионии “Наша Russia” гуфт, як иштибоҳ боис шуд, ки тоҷикон аз ду қаҳрамони ин намоишнома – Равшан ва Ҷамшуд – ранҷиданд. Селепаков дар як суҳбати видеоӣ бо блогери маъруфи рус Юрий Дуд гуфт, вақте фаҳмид, ки тоҷикон аз Равшану Ҷамшуд ранҷидаанд, хеле мушаваш шуд.

Слепков гуфт, “вақте “Наша Раша” таҳия мешуд, ягон миллати мушаххасро дар назар надоштем. Чунки муҳоҷирон аз бисёр кишварҳо меоянд, ҳатто аз Украинаву Беларус ҳам. Албатта, манзури мо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна буд ва ҳамеша дар намоишнома гуфта мешуд “муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна”. Аммо иштибоҳи мо аз он ҷо сар зад, ки дар яке аз саҳнаҳо Миша (Михаил Галустян) калимаи “Таджикистонама”-ро ба кор бурд ва мо қайчӣ кардани ин калимаро ҳангоми таҳияи (монтаж)-и барнома фаромӯш кардем. Асли моҷаро аз инҷо шурӯъ шуд.”

Аммо Слепаков дар идома афзуд, ин намоишнома дар асл ҳаёти муҳоҷиронро дар Русия сабуктар кард, чун муносибати мардумро ба онҳо тағйир дод. “Дар он ҷо тамасхур ва ришханде дар мавриди ягон миллати мушаххас ҷой надорад. Вале бояд гӯям, ки Равшану Ҷамшуд қаҳрамонони ҳамин намоишнома муносибати мардумро ба муҳоҷирон нарму беҳтар кард. Муҳоҷират вақте як проблема асту аз муҳоҷирон касе метарсад, ин як чиз аст. Вале вақте ба ҳоли онҳо хеле хуб механдӣ, онҳо ба як нафароне худӣ ва дӯстдоштанӣ табдил меёбанд. Ман ҳатто шунидам, ки баъди ин намоишнома баъзеҳо фарзандонашонро Равшан ном ниҳодаанд. Ин образ халқӣ шуд ва бинандагон онро хеле хуб пазируфтанд. Ин гуна намоишномаҳо ҳамеша мизони таниш ва асабониятро поин мебаранд”.

Нашри филмҳо дар бораи Равшану Ҷамшуд дар “Наша Russia” дар пайи эътирозҳои матбуот, блогнависон ва мақомоти Тоҷикистон қатъ шуд. Раёсати диаспораи арманиҳои Русия низ аз рӯҳияи нажодпарастона ва бегонабадбинии намоишҳои “Наша Russia” эътирози шадид баён карда, аз бозигарон ва коргардонҳои он ки асосан арманитаборанд, талаб намуд, арманиҳоро бо тоҷикон ҷанг наандозанд.

Илова бар ин, рӯйдодҳои Украина дар оғози соли 2014 расонаҳои русиро водор намуда буд, нисбат ба намояндагони ақвоми дигар каме бо эҳтиёт бошанд. Ба ин сабаб, номи Равшан ва Ҷамшуд муддате ба гӯш намерасид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG