Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике ба русҳо забони Шекспирро меомӯзонад


Меҳрихудо Раҳматуллоев мегӯяд, "дар Тоҷикистон оянда надоштем"
Меҳрихудо Раҳматуллоев мегӯяд, "дар Тоҷикистон оянда надоштем"

Шароити сангини зиндагӣ омӯзгори баландихтисоси забони англисиро водор кард, ки тарки Тоҷикистон карда, дар як деҳаи дури Русия маскан гирад.

Дар як рустои дури Русия, ки дар марз бо Чин воқеъ буда, пайдо кардани он дар харита чандон кори осон нест, ним сол мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистон иқомат ихтиёр кардааст. Меҳрихудо Раҳматуллоев ин ҷо танҳо мутахассиси забони англисӣ аст, ки дар мактаби нӯҳсолаи деҳаи Калининои ноҳияи Ленинскии вилояти мухтори Еврейский ё Яҳудиён кор мекунад. Қабл аз кӯчидан ба Русия ӯ дар маркази омӯзиши забони англисии шаҳри Қӯрғонтеппа дарс медод ва замоне наздик буд бо пуштибонии бунёди Оғохон ба донишгоҳи Оксфорд барои такмили забонаш сафар кунад. Аммо шароити оилавӣ ва мушкилоти афзуни маишӣ ӯро маҷбур кард, ки ҳамроҳ бо оилаву се писараш ба Русия муҳоҷират кунад.

Ҳоло ин хонавода дар шаҳри Биробиҷан зиндагӣ мекунад, ки маркази вилояти мухтори Яҳудиён мебошад. Ин вилоятро бо сарҳади Чин дарёи Амур пайваст мекунад. Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Биробиҷан Меҳрихудо Раҳматуллоев гуфт, ки ӯ ба Русия аз рӯи барномаи вижаи ҳукуматӣ, ки ба даъвати мутахассисон аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ихтисос дорад, сафар кардааст: "Шароит вазнин буд, маоши муаллимон кам аст. Мо аз рӯи барномаи «Переселенцы» омадем, нағз қабул карданд. Ба мо хона доданд, шароитамон хуб аст. Ин як мактаби муқаррарӣ аст, камбудӣ надорад, кӯдаконам дар мактаб мехонанд, ҳама шароитам муҳайё аст."

Меҳрихудо Раҳматуллоев гуфт, мехоҳад, фарзандонаш, ки 7 то 14 сол доранд, дар Русия бузург шаванд ва саводи хубе бигиранд. Вай мегӯяд, савияи дониши онҳо дар мактаби Тоҷикистон хуб набуд, чун камбуди омӯзгор ба сифати таҳсили онҳо таъсири хеле бад расондааст: "Медонед, вақтҳои охир бисёр вазнин шуд. Маош тамоман намерасид. Бояд се фарзандро калон кунем. Худам муаллим, оилаам духтур аст. Мо фаҳмидем, ки он ҷо дигар оянда надорем."

Вай мегӯяд, ки ҳоло фарзандонаш як мушкил доранд ва ин ҳам омӯзиши забони русӣ аст. Ҳанӯз ҳамсари Меҳрихудо бо далели номувофиқати баъзе санадҳо ба меъёрҳои Русия наметавонад аз рӯи ихтисосаш ба кор қабул шавад.


Тоҷик -- омӯзгори забони англисӣ дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00


Хабарнигори телевизиони «Пятый канал» (www.5-tv.ru) Алексей Збарский, ки махсус барои наворгирии шароити кору зиндагии Раҳматуллоев аз шаҳри Хабаровск ба вилояти Яҳудиён рафтааст, мегӯяд, баъд аз пахши гузоришаш дар телевизион ба фикри он афтодааст, ки бо ҳал шудани мушкилоти деҳоти дури Русия, аммо Тоҷкистон аз мутахассиссони касбӣ маҳрум мешавад. Вай дар як сӯҳбат телефонӣ бо Озодӣ гуфт, айни ҳол, дар мактаби дури деҳаи Калинино, ки Меҳрихудо он ҷо кор мекунад, аз омадани як мутахассиси забони англисӣ хеле хушҳол шуданд: "Медонед, муносибат ба муҳоҷирон дар ҳар шароит фарқ мекунад. Дар ин мактаб, ки солҳо ба як омӯзгори забони англисӣ ниёз дошт, касе намепурсад, ки ӯ тоҷик аст ё ғайр. Онҳо хурсанданд, ки соҳиби як мутахассис ҳастанд ва фарзандони онҳо аз ӯ англисиро ёд мегиранд".

Алексей Збарский мегӯяд, дар ноҳияи Ленинский мушкили марбут ба муҳоҷирони корӣ «қариб ки вуҷуд надорад» ва агар бошад ҳам, марбут ба чиниҳо аст, ки барои кор дар соҳаи кишоварзӣ меоянд ва гоҳо ҷои русҳои маҳаллиро танг мекунанд: «Чиниҳо бомасъулияттар буда, бо пули кам кор мекунанд ва ба фарқ аз русҳо, ба машрубот кор надоранд.»

Ин хабарнигори рус мегӯяд, намоиши муҳоҷирон дар симои манфӣ хоси телевизионҳои марказист ва «Наша Раша» ҳам аз он ҷо баромадааст: "Вале дар ин ҷо ингуна масъала вуҷуд надорад. Меҳрихудо як рӯшанфикр аст ва ӯ босаводу шахси босалоҳият аст, ки Русия ба ингуна мутахассисон ниёз дорад.

Ба иттилои телевизиони русии «Пятый канал», имсол аз рӯи барномаи давлатии «Интиқоли ҳамватанон» ба вилояти Яҳудиён 68 нафар аз манотиқи мухталифи шӯравии собиқ кӯч бастаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG