Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР номзадии Путинро ба мақоми президентӣ сабт кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Камиссияи Марказии Интихоботи Русия Владимир Путин - раиси ҷумҳури феълии ин кишварро ба мақоми президентӣ сабти ном кард. Ба Путин иҷозат доданд, ки ҳисоби махсуси интихоботӣ таъсис диҳад ва маъракаи тарғиботиашро расман оғоз кунад.

Путин санадҳояшро рӯзи 27 декабр ба КМИР супурд. Як рӯз пеш аз он маросими расмии пешбарии номзадии ӯ баргузор шуд. Худи Путин бинобар "серкорӣ" натавонист дар ин маърака иштирок кунад.

Путин 65-сола аст ва зимоми қудрати Русияро аз соли 1999 дар даст дорад. Ӯ 13 сол ба сифати раиси ҷумҳур ва чаҳор сол дар мақоми нахуствазирӣ кор кардааст.

Интихоботи президентӣ дар Русия 18 марти соли 2018 баргузор мешавад. Дар баробари Путин чанд тани дигар, - аз ҷумла ровии телевизион Ксения Собчак, ваколатдори ҳуқуқи соҳибкорон Борис Титов, раҳбари Ҳизби Либерал Деморатҳо Владимир Жириновский, бунёдгузори "Яблоко" Григорий Явлинский, бизнесмен Сергей Полонский ва директори муассисаи "Совхози ба номи Ленин" Павел Грудинин довталаби курсии президентӣ шудаанд.

Раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний ҳам барои иштирок дар интихобот ба КМИР санад пешниҳод кард, аммо ин ниҳод ба далели доғи судӣ номзадии Навалнийро рад кард.

XS
SM
MD
LG