Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия: "Ҳама боздоштшудаҳои роҳпаймоии рӯзи шанбе озод шуданд"


Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи онҳоеро, ки дар тазоҳуротҳои "ғайриқонунӣ" дар рӯзи шанбеи 7-уми октябр дар саросари он кишвар боздошт карда буданд, озод кардаанд. Аммо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Русия аз боздоштҳои нав дар рӯзи якшанбеи 8-уми октябр хабар доданд.

Тарафдорони Алексей Навалний – раҳбари мухолифини Кремл рӯзи 7-уми октябр дар ҷашни 65-солагии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар саросари ин кишвар алайҳи ӯ роҳпаймоӣ карданд. Тибқи гузоришҳо, беш аз 130 нафар аз эътирозгарон боздошт шуданд.

Эътирозҳои рӯзи шанбеи 7-уми октябр бо даъвати Алексей Навалний, аз сарсахттарин мухолифони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, баргузор шуданд.

Рӯзи якшанбе вазорати умури дохилии Русия таъйид кард, ки 136 тан дар "24 гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар боздошт шудаанд ва афзуд, ки ҳамаи ин афрод, рӯзи якшанбе озод шудаанд. ВКД-и Русия мегӯяд, дар нисбати 71 нафари онҳо парвандаи маъмурӣ боз шуда ва 60 тани онҳо бояд дар додгоҳ ҳозир шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқ мегӯянд, дар эътирозҳои рӯзи шанбе ҳадди ақал 271 тан боздошт шудаанд. Созмони OVD-Info, ки қароргоҳаш дар Маскав аст ва аз соли 2011 ба ин тараф боздоштҳои сиёсӣ дар ҷараёни эътирозҳо дар он кишварро пайгирӣ ва сабт мекунад, афзудааст, ки рӯзи шанбе танҳо дар Санкт-Петербург 62 тан боздошт шудаанд.

Дар Санкт Петербург ва Екатеринбург тарафдорони Навалнийро боздошт намуданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Эътирозҳои рӯзи шанбе бо даъвати Алексей Навалний, аз сарсахттарин мухолифони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баргузор шуд ва он тавре, ки созмони OVD-Info мегӯяд, шуморае аз масъулони корзори Навалний ва ҳамчунин теъдоде аз фаъолони ин гурӯҳ, ки хостори иҷозаи номзадии ӯ дар интихоботи президентии соли 2018 ҳастанд, низ дар миёни боздоштшудагон будаанд.

Ин созмони ғайридавлатӣ ҳамчунин мегӯяд, ки рӯзи якшанбе низ даҳҳо тан аз тарафдорони Алексей Навалний пас аз эътироз дар маркази шаҳри Маскав, боздошт шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, Алексей Навалний, машҳуртарин раҳбари мухолифони Путин дар ин кишвар ба шумор меравад.

Алексей Навалний, ки дар ҳоли ҳозир давраи 20-рӯзаи ҳабсро дар Маскав мегузаронад, умедвор аст, ки дар интихоботи баҳори соли оянда битавонад бо Владимир Путин рақобат кунад. Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихоботи Русия эълон кардааст, ки ӯ барои номзадӣ дар интихобот, салоҳият надорад. Дар як додгоҳе, ки ба андешаи худи Навалний дорои ангезаҳои сиёсӣ буд, ин сиёсатмадори мунаққиди Кремлин барои хилофкориҳои молӣ айбдор ва ба панҷ соли зиндони шартӣ маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳукм ба Навалний иҷозат намедиҳад, ки дар интихобот номзадиашро пешбарӣ кунад.

Бо ин вуҷуд, ҳатто агар Алексей Навалний фурсати рақобат бо Путинро ба даст биоварад, бино ба назарсанҷиҳо, ки хабаргузории Рейтерз ба онҳо такя кардааст, президенти феълӣ "бидуни мушкил" метавонад ба рақиби сарсахти худ пирӯз шавад.

Владимир Путин дар чанд соли гузашта бинобар сиёсатҳои миллигароёна, ки дар дохил дар пеш гирифта ва сиёсати хориҷии сарсахтона, аз маҳбубияти зиёд ба хусус дар шаҳрҳои хурди Русия бархӯрдор будааст.

Ҳарчанд то ба ҳол чизе расман эълон нашудааст, аммо интизор меравад, ки Владимир Путин бори дигар барои мақоми раёсати ҷумҳури Русия худро номзад кунад. Дар сурати пирӯзии дубора, ин чаҳорумин давраи раёсати ӯ дар Кремл хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG