Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар феҳристи 5 шарики тиҷоратии Тоҷикистон


Дар чанд соли ахир барои нахустин маротиба Узбекистон ба яке аз панҷ шарики тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Азим Турсунзода, муовини сардори Хадамоти гумрук рӯзи 26-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соли гузашта Узбекистон ба рӯйхати шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт.

Ба қавли муовини раиси Хадамоии гумрук, соли гузашта 5.8 фоизи содироти Тоҷикистон ба Узбекистон сурат гирифтааст. Ҳамчунин ба иттилои Азим Турсунзода, 2,5 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Узбекистон будааст.

Ба ин тартиб Узбекистон дар рӯйхати кишварҳои содиркунандаи Тоҷикистон дар ҷойи чорум ва дар қатори давлатҳои воридкунанда дар мақоми шашум қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои қаблӣ гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ночиз буд.

XS
SM
MD
LG