Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

57 нафар дар Қирғизистон ба озори ҷинсии ноболиғон айбдор шудаанд


Қирғизистон - кӯдакозорӣ. Акси тасвирӣ
Қирғизистон - кӯдакозорӣ. Акси тасвирӣ

Соли гузашта дар Қирғизистон бо ҷурми хушунати ҷинсӣ алайҳи ноболиғон, 57 шаҳрванд зиндонӣ шудааст. Дар ин бора Додгоҳи олии Қирғизистон хабар медиҳад.

Додситонии кулли он кишвар мегӯяд, соли 2016 400 ҷинояти зидди ноболиғон сабт шудааст, ки аз он 30 мавридаш хушунати ҷинсӣ аст.

Ба иттилои Лигаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ҷиноятҳои зидди кӯдакон дар соли 2017 бештар аз 600 маврид буд.

"Аз ин шумор 127 маврид хусусияти ҷинсӣ доштанд. Ин хели зиёд аст. Аммо ин ҳам танҳо ҳолатҳои ошкоршуда аст. Чӣ теъдодеро мо сабт накардем, ноогоҳ мондем?" - суол мегузорад роҳбари Лига Нозгул Турдубекова.

Дар Қирғизистон барои содир кардани хушунати ҷинсӣ нисбати ноболиғон аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG