Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси рӯзноманигорони Қазоқистон Ҷоизаи Сахаров гирифт


Саидқозӣ Матаев

Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев дар бахши "Барои шуҷоъат" бо ҷоизаи ба номи ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, Матаев барои дарёфти ин ҷоиза ҳуҷҷат пешниҳод накардааст, эътои ҷоиза комилан ташаббуси худи ташкилкунандагон аст.

Ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров - ин мукофотест, ки ба рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба хотири "ошкорбаёнӣ", ҳифзи мавқеъ ва фаъолияти ҳуқуқӣ, инчунин ба матлабҳое, ки вокуниши тунд ба бор овардаанд, дода мешавад.

Миёни ҳайати ҳакамон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва нависандагон, аз ҷумла барандаи ҷоизаи "Нобел" Светлана Алексиевич ҳастанд. Пештар рӯзноманигор рус Анна Политковская, инчунин Радиои Озодӣ ва нашрияи русии "Новая газета" бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуданд.

Саидқозӣ Матаев дар соли 2016 бо айби "дуздӣ"-и пулҳои буҷа шаш сол зиндонӣ шуд. Охири соли 2017 вай шартан аз зиндон озод гашт.

Видеоҳои охирин

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 23-уми феврали 2018 (HD)
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:15:00 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG