Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамлаи интиҳорӣ дар маркази Бағдод 38 нафар ҷон бохт


Нерӯҳои амниятии Ироқ дар саҳнаи таркиш. 15 январи соли 2018
Нерӯҳои амниятии Ироқ дар саҳнаи таркиш. 15 январи соли 2018

Дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар Бағдод 38 нафар кушта ва 105 нафар захм бардошт. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Ироқ хабар дод. Сухангӯи ин вазорат Саад Маан гуфт, ки ҳамлаи интиҳорӣ субҳи 15 январ дар майдони "Саҳат-ал-Тайаран" - Хиёбони ҳавонавардӣ, воқеъ дар маркази Бағдод сурат гирифт.

Майдони "Саҳат-ал-Тайаран" - макони фурӯшгоҳи пуриздиҳом ва маркази таҷаммӯи одамони бекор аст, ки ҳар субҳ дар ҷустуҷӯи коре дар он ҷо ҷамъ меоянд. Шоҳидон ба хабаргузории dpa-и Олмон гуфтанд, ки таркиш дар маҳалли ҷамъшавии сохтмончиён ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо бахши умдаи ин гуна амалҳоро дар Ироқ гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" анҷом медиҳад. Моҳи декабри соли гузашта, баъди ронда шудани ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" аз Бағдод ва шаҳрҳои дигар ҳукумати Ироқ аз "хатми ҷанг" бо ин гурӯҳ хабар дод. Аммо баъзе ҷангиёни ДИИШ ҳанӯз ҳам дар канораҳои шимолии Бағдод фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG