Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Ман нажодпараст нестам"


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи 14-уми январ дар вокуниш ба изҳори назарҳо дар бораи кишварҳои африқоӣ, ки ба вай нисбат дода шуд, ба хабарнигорон гуфт, ки нажодпараст нест ва ҳеҷ нишонае аз нажодпарастӣ дар вай вуҷуд надорад. Ҳафтаи гузашта шуморе аз манбаъҳои хабарӣ гуфтанд, ки Доналд Трамп дар нишасти муштарак бо гурӯҳе аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ва демократ дар Кохи Сафед, дар бораи кишварҳои африқоӣ ибораҳои тавҳиномез истифода кардааст. Бинобар суханони нақлшуда аз Доналд Трамп, вай гуфта буд, чаро бояд ба шаҳрвандони ин кишварҳо иҷозаи вуруд ба Амрикоро дод? Вай ҳамчунин хостори афзоиши пазириши муҳоҷирон аз кишварҳое монанди Норвегия шуда буд. Суханони нақлшуда аз Доналд Трамп вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Амрико дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG