Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ: Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷойи Абдураҳмон Қодирӣ


Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Раҷаббой Аҳмадзодаи 47-сола, ки дар гузашта ба ҳайси раиси Хуҷанд ва тайи тақрибан ду соли ахир ба ҳайси раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон кор кардааст, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари вилояти Суғд таъйин шуд. Ӯ рӯзи 13-уми январ дар ин мақом Абдураҳмон Қодириро иваз кард. Қодирӣ имсол ба синни 64 расид ва ба далели бознишастагӣ аз мақом озод шудааст.

  • Қурбон Ҳакимзода раиси нави Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин шуда, ин фармони раиси ҷумҳур рӯзи 13-уми январ барои тасдиқ ба порлумон ирсол гардидааст.
Як мушкилро амиқ таҳқиқ ва сабабҳову оқибат ва фоидаву зарари онро таҳлил карда, бо ин роҳ ба мардум ва давлат дар ҳалли он мушкил ёрӣ расонед. Вале аз се чиз - тамаъ, туҳмат ва ниқорситонӣ канор ҷӯед, ки оқибати нек нахоҳад дошт

Фармони таъйини Раҷаббой Аҳмадзода ба мақоми раиси вилояти Суғд дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд. Манобеи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки муаррифии ӯ ба ҳайси иҷрокунандаи раиси вилоят рӯзи 13-уми январ бо ҳузури нахуствазир Қоҳир Расулзода ва мушовири президент Асадуллои Раҳмон сурат гирифт.

“Ин субҳ раиси нави вилоятро муаррифӣ карданд, ки нисбатан ҷавон аст. Гузашта аз ин, ӯ қаблан дар мақоми раиси шаҳри Хуҷанд ва идораҳои дигари давлатии Суғд кор кардааст ва вилоятро хеле хуб медонад”, - афзуд яке аз манобеъ.

Ин тағйироти кадрӣ пеш аз баргузории ҷалсаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Интизор меравад, ҷаласа ҳафтаи оянда баргузор ва комёбиву заъфҳои ниҳодҳои давлатӣ дар як соли ахир баррасӣ шавад. Ҳар сол бо оғози соли нав ва наздик омадани ҷаласаи ҳукумат дар ҷомеаи Тоҷикистон ин интизориҳо вуҷуд дорад, ки мумкин аст, раиси ҷумҳур баъзе тағйироти кадрӣ анҷом диҳад.

Абдураҳмон Қодирӣ, муовини собиқи раиси вилояти Хатлон, соли 2013 бо як фармони раиси ҷумҳур раиси вилояти Суғд таъин гардид ва тайи беш аз чаҳор соли ахир ин мақомро бар уҳда дошт. Вай ба ин маснад баъд аз раҳбарии Қоҳир Расулзода расид.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Баъзе аз соҳибназарон дар шимоли Тоҷикистон Абдураҳмон Қодириро дар кор сахтгир медонанд. Онҳо мегӯянд, ӯ аз ҷумлаи раҳбароне буд, ки ҳарчанд дар масоили сиёсӣ "хомӯширо сад тилло" медонист, дар масъалаҳои иҷтимоӣ бепарда ва ошкоро гап мезад ва интиқод мекард.

Худи ӯ дар рӯзҳои аввали ба кор пардохтанаш дар ин мақом ба хабарнигорон гуфта буд, ба ҷойи таърифу тавсифи ӯ ва раҳбарони дигар фаъолияти ҳирфаии худро нишон диҳанд. “Илтимос, маро таъриф накунед. Ман ба таъриф ниёз надорам. Ман бояд бо фаъолияти шоиста худро нишон диҳам. Барои ҳамин, хеле хоҳиш мекунам, беҳтараш як мушкилро амиқ таҳқиқ ва сабабҳову оқибат ва фоидаву зарари онро таҳлил карда, бо ин роҳ ба мардум ва давлат дар ҳалли он мушкил ёрӣ расонед. Вале аз се чиз --тамаъ, туҳмат ва ниқорситонӣ бо қалам канор ҷӯед, ки ин амалҳо оқибати нек нахоҳад дошт”, - таъкид дошта буд Абдураҳмон Қодирӣ.

Раҷаббой Аҳмадзода тайи ду соли ахир раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон буд
Раҷаббой Аҳмадзода тайи ду соли ахир раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон буд

Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд, соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1993 Донишкадаи Қазоқистонро бо ихтисоси “муҳандис-химик-технолог” ва баъдан Академияи хидматчиёни давлатии Русияро бо ихтисоси “иқтисоддон” хатм кардааст. Ӯ дар гузашта раиси идораи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Суғд, мудири кулли корхонаи “Садаф”, раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум) ва раиси шаҳри Хуҷанд буд.

Аҳмадзода дар замони раҳбариаш дар мақоми шаҳрдори Хуҷанд бо чанд изҳороти худ дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд. Вай аз ҷумла гуфта буд, ки масҷидҳои “зиёдатӣ” ба сехи дӯзандагӣ ё чойхонаву боғчаҳои бачагона табдил дода шаванд. Инчунин, аз занону духтарони минтақа расман хост, либоси “эронӣ”-ву “афғонӣ” напӯшанд.

XS
SM
MD
LG