Пайвандҳои дастрасӣ

Рутбаҳои нави Саймуъмин Ятимов, Рамазон Раҳимзода ва Юсуф Раҳмон


Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рутбаи нави генерал-полковник гирифтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин рутба рӯзи 25-уми август дар остонаи ҷашни истиқлол тақдим шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода

Ба қавли манбаъ, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо рутбаи генерал-полковники милитсия ва додситони кул Юсуф Раҳмон бо рутбаи генерал полковники адлия сарфароз шудаанд.

“Теъдоди муайяни хидматчиёни Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ низ бо рутбаҳои “генерал-майор” ва “генерал-майори гвардия” сарфароз гардонда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл Юсуф Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл Юсуф Раҳмон

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар остонаи ҷашни истиқлол дар маҷмуъ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба 300 корманди соҳаи илму фарҳанг, мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, хидматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон низ унвону ҷоизаҳои нав додааст. Ҳарчанд аз ин афрод нмоу насаб бурда наушдааст, аммо дар аксҳои нашркардаи дафтари матбуоти президент нахуствзаир Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, муовини вазири иқтисод Умед Давлатзода, раиси Кумитаи замин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи забон Гавҳар Шарофзода ва дигаронро дидан мумкин аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Саймуъмин Ятимов
Эмомалӣ Раҳмон ва Саймуъмин Ятимов

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG