Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОМОН тӯдаи муҳоҷирони кориро дар Томск пароканда кард


Муҳоҷирони кории Осииёи Марказӣ дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия
Муҳоҷирони кории Осииёи Марказӣ дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия

Нерӯиҳои пулиси таъиноти махсуси Русия -ОМОН ва сарбозони Росгвардия субҳи 9 январ тӯдаи муҳоҷирони кориро дар назди Идораи муҳоҷирати Томск пароканда карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, пулис алайҳи муҳоҷирон аз электрошокер истифода кард.

Навбати тӯлонӣ дар назди Хадамоти муҳоҷирати минтақаи Томск бинобар дархости квотаи бештар барои нерӯи кории хориҷӣ ба амал омад. Муҳоҷирон ба хотири дарёфти иҷозаи иқомати мувақаттӣ аз се рӯз пеш дар назди ин идора навбат гирифтанд. Аммо соати 6-и субҳи имрӯз теъдоди довталабон ба беш аз ду ҳазор баробар шуд. Онҳое, ки қаблан номнавис шуданд, натавонисанд ба бино ворид шаванд. Дар назди бино бесарусомонӣ ба амал омад. Нерӯи ОМОН ва сарбозони Росгвардия ба ҷойи ҳодиса омаданд ва даромадгоҳи Маркази муҳоҷиратро масдуд карданд.

Дафтари матбуоти пулиси минтақавии Томск ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки авзо таҳти назорати пулис буда, тартибот ҷорӣ мешавад. Мақомоти Росгвардия ҳодисаро шарҳ надоданд.

Сар аз соли 2018 теъдоди ҷойҳои корӣ, ё квота барои ҳақи иқомати муваққатӣ дар Русия то 20 ҳазор коҳиш ёфт. Дар Томск чунин иҷозатро танҳо 1000 нафар дарёфт мекунад.

Ба гуфтаи оҷонсии РИА Томск, шаҳрвандони хориҷӣ аз 4 январ ба ин тараф дар назди Хадамоти муҳоҷират навбат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG