Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди ду киштии азим дар наздикии Шанхай


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати нақлиёти Чин мегӯяд, дар натиҷаи бархӯрди як киштии нафткаш бо киштии борбаре дар соҳилҳои шарқии кишвар 32 нафар ва аксаран эрониён бенишон шудаанд.

Ба гуфтаи вазорат, киштии нафткаши 274 метрӣ рӯзи 6-уми январ баъди бархӯрд, оташ гирифтааст ва 30 маллоҳи эронӣ ва 2 бангладешӣ бенишон шудаанд. Қисме аз 136 ҳазор тонна нафти ғализи киштӣ ба баҳр рехтааст ва он рӯзи 7-уми январ низ дар ҳоли шино будааст.

Мақомоти Чин гуфтаанд, ки 21 нафар маллоҳи кишварро аз киштии боркаш наҷот доданд. Киштии нафткаши “Санчӣ” аз Панама буда ва онро як ширкати эронӣ мудирият мекардааст.

Киштии нафткаш ба Куриёи Ҷанубӣ мерафтааст. Киштии боркаши осебдида 64 ҳазор тонна ғалладона доштааст. Ҳодиса дар наздикии шаҳри Шанхай рух додааст ва Чину Куриёи Ҷанубӣ ба маҳалли фалокат гурӯҳҳои наҷотро фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG