Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара аз ҳукми додгоҳи ИМА нисбати бонкдори турк интиқод кард


Бонки давлатии Туркия
Бонки давлатии Туркия

Туркия аз ҳукми додгоҳи Ню Йорк, дар робита бонкдори турк Меҳмед Ҳакан Атилла, ки Амрико ӯро дар кӯмак ба фирори Эрон аз таҳримҳои байналмилалӣ айбдор эълон кардааст, шадидан нороҳат шуд ва ин ҳукмро "шармандагии ҳуқуқӣ" унвон кард.

"Ин як таҳаввулоти ноодилона ва таассуфбор аст, ки ноиби раҳбари кулли "Halkbank" Меҳмет Ҳакан Атилла гунаҳкор эълон шуд",- гуфт Вазорати умури хориҷии Туркия дар як изҳорот, ки рӯзи панҷшанбе пахш шуд.

Анкара далелҳои додгоҳи Ню Йоркро "тақаллубӣ" ва муҳокимаи Атилларо дахолат ба умури Туркия унвон кард.

Ҳайъати мунсифаи додгоҳи Ню Йорк рӯзи 3 январ Меҳмет Ҳакан Атилла, яке аз раҳбарони бонки давлтаии Туркияро дар қаллобӣ ва тавтеа муҷрим, вале дар иттиҳоми пулшӯӣ бегуноҳ эълон кард.

Ноиби нахуствазири Туркия Бекир Боздаг рӯзи 4 январ гуфт, ки ҳукми додгоҳ алайҳи Атилла ба равобити ИМА ва Туркия зарбаи шадид зад ва ба ояндаи ҳамкориҳо таъсири манфӣ гузошт.

Додситонҳои Амрико гуфтанд, ки Атиллаи -47 дар интиқоли ғайриқонунии $1 миллиард пули нафту гази Эрон, ки таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дошт, саҳм гирифт.

XS
SM
MD
LG